Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи “гуреза” пинҳон шудаанд

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо Маттео Пянтедози, вазири корҳои дохилии Италия нигаронӣ кардааст, ки “баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд”.

Раҳимзода ба ҳамтои итолиёвиаш гуфтааст, ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат кунад.

Ин мулоқот дирӯз, 23-юми апрел дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Италия сурат гирифт.

Сомонаи ВКД Тоҷикистон менависад, ки масъалаи муҳими ворхӯрии Раҳимзода ва Пянтедози ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта буд.

“Инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардид”-омадааст дар иттилоияи ВКД Тоҷикистон.

Дар рафти вохӯрӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии  Италия дар соҳаи амният шартнома ба имзо расида, механизми дар амал татбиқ намудани он дар ҷараёни сафари Маттео Пянтедози ба Тоҷикистон, ки ҳоло маълум нест, баррасӣ мешавад.

Давоми чанд соли охир, бархе аз мухолифини Тоҷикистон аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо паноҳанда мешаванд. Вале дар бештари ҳолатҳо дар доираи ҳамкориҳо бо ин кишварҳо бархеи онҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод карда мешаванд.

Дар соли 2023 чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодшуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.

Бино бар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 нафар бештар аст.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Тоҷикистон бо кадом кишварҳо созишномаи истирдоди ҷинояткоронро ба имзо расонидааст ва ё онро баррасӣ дорад дар маводи "Истирдоди гумонбарон ва ҷинояткорон. Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишнома имзо кардааст ё онро баррасӣ дорад?" хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...