Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, бо ирсоли навору хабар вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ маълумот диҳанд. Бо ин роҳ дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузошта, соҳиби тӯҳфаву мукофотҳои давлатӣ шаванд. Дар эълони вазорат, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, бо ирсоли навору хабар вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ маълумот диҳанд. Бо ин роҳ дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузошта, соҳиби тӯҳфаву мукофотҳои давлатӣ шаванд.

Дар эълони вазорат, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад, ки шаҳрвандон метавонанд, вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ (ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм-экстремизм, савдои одамон, қочоқ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷойи пинҳоншавии ҷинояткорон ва ғайра), ҳуқуқвайронкуниҳо, мардумфиребӣ (машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ, фолбинӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, гузаронидани маросимҳои ба ном “ҳоҷиталбон”», “ҳоҷиошӣ”, “ҳоҷизиёрат”) тавассути Телеграмм навору хабар ирсол кунанд.

Ҳамчунин, оид ба вайрон намудан ва риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ низ метавонед навору хабар фиристед.

Маълумотро тавассути Телеграмм бо рақами + 992 939 222 111 бо се забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ метавонед фиристед.

ВКД ваъда додааст, ки тибқи талаботи моддаҳои 25 ва 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” шахсоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муайяну ошкор намудани ҷиноятҳо мусоидат менамоянд, бо имтиёзҳо, мукофоти пулӣ, туҳфаҳои арзишманд, мукофотҳои давлатӣ ва намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ” таъмини амнияти шаҳрвандон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад.

Шумо имкон доред чунин хабару маълумотро ҳам ба таври кушод тавассути мессенҷери шахсиатон ва ҳам ба таври пӯшида (анонимӣ) бе нишон додани ному насаби аслиатон ирсол кунед.

Муаллиф таҳти пайгирии мақомоти давлатӣ қарор дода намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.