Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 421 млн доллар фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо содир намуд, ки 1250,7 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳиссаи ин навъи маҳсулот дар ҳаҷми умумиимаҳсулоти содиротии кишвар 48,5%-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 614 млн доллар молу маҳсулот содир кардааст.

Кишвари асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария дониста мешавад, ки ба он ҳудуди 48,6%-и содирот рост меояд. Ба гумони ғолиб, ин ба содироти фулузот ва сангҳои қиматбаҳо ба ин кишвар вобастагӣ дорад.

Манбаъҳо дар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон зикр мекунанд, ки содироти фулузоти қиматбаҳо, асосан тиллои монетарӣ, вақте зиёд мегардад, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба таври назаррас кам мешавад.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон корӣ ба намояндагони васоити ахбори умум дастрас нест.

Тиллои монетарӣ – тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Робита байни фурӯши тилло ва интиқоли маблағ камбуди асъор барои воридоти молу маҳсулот маънидод мешавад.

Гап сари он аст, ки аз ҳисоби даромад аз содирот танҳо ҳудуди сеяки асъори зарурӣ барои воридоти молу маҳсулот рӯйпӯш карда мешавад.

Ҳаҷми умумии воридот дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 1,5 млрд долларро ташкил додааст, ки  қариб 2,5 баробар зиёдтар аз ҳаҷми содироти кишвар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...