Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишвар Сергей Григоревро даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорид. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт, сафир нимаи аввали имрӯз, […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишвар Сергей Григоревро даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорид. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, сафир нимаи аввали имрӯз, 29-уми апрел, ба бинои ВКХ даъват шуд.

“Дар нимаи аввали рӯзи 29-уми апрел ба сафири Русия дар Тоҷикистон С. Григорев ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо изҳори нигаронии ҷиддӣ дар бораи ҳодисаҳои оммавии зуҳуроти муносибати қатъиян манфӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия, инчунин вайрон кардани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо супорида шуд”, – гуфтанд аз ВКХ-и Тоҷикистон.

Дар нотаи эътирозӣ омадааст, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки ин ба рӯҳ ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Дар чанд рӯзи охир ин дуввумин маротиба аст, ки Сергей Григорев ба ВКХ-и Тоҷикистон даъват мешавад. Пештар аз ин, 26-уми апрел, дар пайи банд мондани садҳо тоҷик дар сарҳади Қазоқистону Русия низ ӯ ба ВКХ давъат шуда, нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия расонида шуд.

Дар пайи ин ВКХ-и Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки бе зарурат муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки тайи чанд рӯзи охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии Русия банд мондаанд. Маъмурони марзии Русия онҳоро мӯшикофона тафтиш ва бархеҳоро умуман иҷоза надода, дубора ихроҷ мекунанд.

Дирӯз, 28-уми апрел, ВКХ-и Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки то поёни рӯзи 27-уми апрел 954 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии “Внуково”-и Русия бидуни фароҳам овардани шароити санитарӣ қарор доранд. Миёни онҳо донишҷӯёни тоҷик низ ҳастанд, ки аз ҳисоби квотаҳои таълимии Русия дар ин кишвар таҳсил мекунанд”.

“Аз шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи “Внуково” банд мондаанд, пас аз соатҳои зиёди интизорӣ 322 нафарро ба қаламрави Русия роҳ додаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои мавҷуда, мақомоти Русия қасд доранд 306 нафарро ба истилоҳ ба “рӯйхати ихроҷ” ворид кунанд. Теъдоди онҳое, ки аллакай ихроҷ шудаанд, 27 нафар мебошад”, – гуфта буд Шоҳин Самадӣ.

Ба гуфтаи намояндаи ин ниҳоди дипломатӣ, чунин бархӯрд аз сӯи маъмурони Русия танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Зимнан, дирӯз, 28-уми апрел, Вазорати корҳои хориҷии Русия ба таври расмӣ дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард ва умедвори “ҳусни тафоҳум” дар ин бобат шуд.

Ҷониби Русия гуфта буд, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”.

Бояд гуфт, Русия дар аксари ҳолатҳои ҳассос аз муҳоҷирони тоҷик чун фишанги муҳими таъсиррасонӣ боло Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафҳои худ истифода кардааст. Дар ин бора аз матлаби “Фишанги №1”. Русия бо “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.