Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард

Бонки исломии рушд (БИР) барои маблағгузории тарҳҳои нави рушд дар кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон, ихтисоси ҳудуди 418 миллион долларро тасвиб кард. Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд рӯзи шанбеи гузашта дар ҷаласаи навбатии худ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ чаҳор лоиҳаро дар самти рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва устуворӣ тасдиқ кард, гуфта мешавад дар изҳороти ин бонк. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки исломии рушд (БИР) барои маблағгузории тарҳҳои нави рушд дар кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон, ихтисоси ҳудуди 418 миллион долларро тасвиб кард.

Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд рӯзи шанбеи гузашта дар ҷаласаи навбатии худ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ чаҳор лоиҳаро дар самти рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва устуворӣ тасдиқ кард, гуфта мешавад дар изҳороти ин бонк.

Шӯро аз ҷумла ҷудо кардани 150 миллион доллар ба Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро тасвиб кард.

“Ҳадафи лоиҳа таъмини нерӯи тоза, дастрас ва боэътимоди барқароршавандаи барқ ​​барои қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилии кишвар, беҳбуди амнияти энергетикӣ ва тиҷоратикунонии он тавассути бозори минтақавии энергетикӣ мебошад”, – омадааст дар изҳороти БИР.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли гузашта Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Бонки исломии рушд барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 150 миллион доллар ҷудо мекунад ва бо Гурӯҳи ҳамоҳангсозии арабӣ барои зиёд кардани маблағгузории ин лоиҳа ҳамкорӣ мекунад.

Он замон гуфта мешуд, ки дар маҷмӯъ ин бонк барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон беш аз 450 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вазорати молия, ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки барои маблағгузории нерӯгоҳи Роғун дар соли 2024 5 миллиард сомонӣ (456 миллион доллар) ихтисос диҳад.

Аз ҷумла, 2,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби ҷалби маблағгузории беруна ва қисми боқимонда аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст. Соли 2023 барои анҷоми нерӯгоҳи Роғун 5,2 миллиард сомонӣ ихтисос дода шуд.

Вазорати энергетика дар авоили соли ҷорӣ хабар дода буд, ки барои иҷрои комили ин тарҳ 6,2 миллиард доллар лозим аст. Ба гуфтаи ҳукумати кишвар, аз соли 2008, баъди аз сар гирифтани сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои анҷоми ин тарҳ беш аз 40 миллиард сомонӣ ихтисос ёфтааст.

 

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио