Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки марказии Ӯзбекистон Созишнома дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба имзо расид. Тавре ки шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, созишномаи мазкур ба густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, назорат дар маҳал […]

Байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки марказии Ӯзбекистон Созишнома дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба имзо расид.

Тавре ки шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, созишномаи мазкур ба густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, назорат дар маҳал ва назорати фосилавӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ин санад ба назорати раванди қабул ва коркарди ҳисоботи молиявӣ, ошкор кардан ва мониторинги хавфҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, татбиқ ва корбурди стандартҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ, гузарондани стресс-санҷишҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва мубодилаи иттилоот шароити мусоид фароҳам меоварад.

Гуфта мешавад, созишнома дар доираи иҷлосияи баҳории кишварҳои узви Хазинаи байнулмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ имзо шуд. Зери созишномаи мазкур раиси БМТ Толибзода Фирдавс Нарзимад ва раиси Бонки марказии Ӯзбекистон Мамадризо Нурмуродов имзо гузоштанд.

Дар ҷараёни имзои санад роҳбарони бонкҳо масоили муҳими низоми бонкӣ ва молиявӣ, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи табодули иттилоот ва таҷриба баррасӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.