Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ

Мегӯянд, ки ба футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд чор моҳ боз маошашон пардохт намешавад. Дар ин бора сармурабии даста изҳори назар кард. Дар аксари доираҳои футболи кишвар зикр шуд, ки бозингарони “Хуҷанд” чор моҳ инҷониб маоши пурра намегиранд ва гӯиё футболбозон барои ҳалли ин масъала ба ФИФА даъво кардан мехоҳанд. Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала […]

Алексей Корчагин, Asia-Plus

Мегӯянд, ки ба футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд чор моҳ боз маошашон пардохт намешавад. Дар ин бора сармурабии даста изҳори назар кард.

Дар аксари доираҳои футболи кишвар зикр шуд, ки бозингарони “Хуҷанд” чор моҳ инҷониб маоши пурра намегиранд ва гӯиё футболбозон барои ҳалли ин масъала ба ФИФА даъво кардан мехоҳанд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала мо ба даста муроҷиат кардем ва манбаъ изҳор дошт, ки баъзе мушкилот ҷой дорад ва дар фурсати наздик онҳо ҳал хоҳанд шуд. Ҳамзамон расман ҳам эълон нашр хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, дар бораи вазъият дар даста сармурабии “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев изҳори назар кард.

“Доир ба масъалаи пардохт нашудани маош ба бозингарон ин нодуруст аст. Ба мухлисон гуфтаниам, ки бозингарон ният надоранд, ки ба ФИФА муроҷиат кунанд ва буҷети дастаи мо ду баробар зиёд шуд”, – гуфт мураббӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо солҳои пешин вазъи таъминот бо тамоми лавозимоти зарурӣ хеле беҳтар шуда, маошро ҳукумати минтақа пардохт мекунад.

“Қисмати дигари маош бояд аз ҳисоби дастгирии соҳибкорони минтақа пардохт шавад. Ин масъала бояд ояндаи наздик бо ёрии мақомоти минтақа ва шаҳр ҳал шавад.

Ҳамчунин футболбозон мувофиқи нақшаи корӣ ҳамаҷониба ба вохӯрии оянда дар чемпионат омодагӣ мегиранд”, – илова намуд Рустам Хоҷаев.

Директори иҷроияи даста Фаррух Марофиев изҳор намуд, ки бо бозингарон масъалаи маошро баррасӣ карда, ҳеҷ кадоме аз бозингарон ба ФИФА муроҷиат нахоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, имсол барои варзишгоҳ прожекторҳо (дастгоҳҳои нурафкан) харида шуда, шароити иқомат ва хӯроки бозингарон беҳтар ва минбаъд дар ҳамин сатҳ нигоҳ дошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бо сабаби хуб набудани рӯшнойӣ ва набудани прожекторҳо на ҳамаи варзишгоҳҳои кишвар имкон доранд, ки шомгоҳон бозӣ гузаронанд. Дар ин робита, дар варзишгоҳи дастаи “Хуҷанд” мехоҳанд дастгоҳҳо насб кунанд ва онҳо аз Чин фармоиш дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъҳо, барои насби прожекторҳои нав дар варзишгоҳи Хуҷанд пойдевор омода мекунанд. Онҳо аллакай дар роҳанд.

Дар назар аст, ки тобистон дар варзишгоҳи Хуҷанд прожекторҳои меъёри ҷаҳонӣ гузошта мешаванд. Пас аз насби онҳо варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” ҳамчунин вохӯриҳои байнулмилалиро қабул карда метавонад. Дар чемпионати ҷумҳурӣ байни дастаҳои Лигаи олӣ ду дастаи вилояти Суғд – “Хуҷанд” ва “Эсхата” вохӯриҳои худро дар ин варзишгоҳ баргузор хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.