Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст

Date:

Дар Тоҷикистон бо сабаби музди меҳнати ночиз, мутахассисони корхонаву идораҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соҳаро тарк мекунанд. Мақомот боло бурдани маошро аз ҳисоби пардохти хидматрасониҳои обрасонӣ ба нақша гирифтаанд. Лекин истифодабарангони об ё намехоҳанд, ё наметавонанд маблағи об барои обёриро пардохт кунанд.

Тавре ки нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад, тайи 5 моҳи охир аз идораҳои беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд 1000 нафар аз кор рафтаанд, ки бештари онҳо ҷавонони соҳибмаълумот буданд.

Дар семоҳаи аввали соли равон қарздорӣ аз музди меҳнат дар Агентӣ ҳудуди 1,7 млн сомониро ташкил додааст.

“Ин пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки истифодабарандагони об маблағи кори Агентиро пардохт намекунанд ё ба таъхир меандозанд. Бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ қарзи кредитории соҳа ба 95,6 млн. сомонӣ расид”, – гуфтаанд дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд.

Корхонаҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз қарздорони асосӣ аз мақомоти андоз мебошанд: қарзи онҳо ба аввали сол 83,8 млн сомониро ташкил дода, ба энергетикҳо ҳам зиёда аз 80 млн сомонӣ қарздоранд.

Агентӣ ба зиёда аз 55 ҳазор истифодбарандагони об хидматрасонӣ карда, ҳудуди 550 ҳазор гектар заминҳои Тоҷикистонро бо оби обёрӣ таъмин мекунад.

Соли 2023 Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 80,8 млн сомонӣ 4,2 млрд метри мукааб обро то заминҳо расонид.

Чанд сол пеш кормандони бахши хоҷагии оби ВМКБ аз музди меҳнати ночиз ва муддати тӯлонӣ пардот нашудани он шикоят карда буданд.

Дар муроҷиати худ онҳо изҳор дошта буданд, ки ба гузашт кардан аз қарзи порсола розианд ва дархост мекунанд, ки маош барои имсол пардохт шавад.

“Бигзор мақомот фаҳманд, ки ҳар кадоми мо фарзанд дорем, онҳоро хӯрондану пӯшонидан ва ба мактаб фиристодан лозим аст. Ғайр аз ин, дар рӯзгор боз дигар мушкилиҳо низ ҳастанд. Чӣ метавон кард, вақте ки ягон дирам ҳам пардохт намекунанд?”, – навишта буданд он вақт кормандон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Панҷ сол гузашт, вале вазъият тағйир наёфт…

Бо гузашти панҷ сол вазъият дар соҳа тағйир наёфта, танҳо тарифҳо барои оби обёрӣ боло рафтанд

Дар сохтори беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон зиёда аз 5,6 ҳазор нафар машғули кор буда, музди меҳнати миёнаи кормандони Агентӣ тақрибан 850 сомониро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳо муддати чандин моҳ маош намедиҳанд.

Танҳо дар мавсими обёрӣ кормандони идораҳои маҳаллии хорҷагии об сари замин рафта, барои обёрӣ маблағ мегиранд.

Маблағи бадастоварда аксар вақт музди меҳнати онҳост. Барои пардохт ба кормандон роҳбарони идораҳои хоҷагии об ба истифодаи техникаи дар ихтиёр доштаашон (экскаватор,трактор, ядак ва ғайра) иҷоза медиҳанд.

Дар тавозуни корхонаҳои зертобеъи Агентӣ 779 адад техникаи тамғаҳои гуногун қарор доранд, ки 350 адади онҳо кӯҳнаву фарсуда шуда, дигар барои истифода коршоям нестанд.

Гуфта мешавад, идораҳои беҳдошти замин ва обёрии вилоят бинобар аз кор рафтани мутахассисон аз норасоии кадр танқисӣ мекашанд. Дар баъзе пойгоҳҳои обкашӣ ба ҷойи 18 мутахассис 5 ё 6 нафар кор мекунанду халос.

Агентӣ боло бурдани маоши мутахассисон, бахусус кадрҳои ҷавонро аз ҳисоби пардохти ҳаққи хидматрасонии обрасонӣ ба нақша гирифтааст.

Лекин аксарияти истифодабарандагони он имконият надоранд, ки пули обёриро пардохт кунанд. Ва ин мушкил то ҳол роҳи ҳалли худро пайдо намекунад…

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...