Кормандони бахши хоҷагии оби ВМКБ ним сол боз аз маош маҳруманд

Ба як гурӯҳи кормандони соҳаи хоҷагии об дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз оғози соли 2019 музди меҳнат пардохт намешавад, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи ба унвони Asia-Plus фиристодаи онҳо. Дар муроҷиатнома онҳо изҳор мекунанд, ки ба гузашт кардан аз музди меҳнати соли гузашта розӣ буда, дархост доранд, ки ҳадди ақал маоши имсоларо диҳанд. “Бигзор ҳукуматдорон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ба як гурӯҳи кормандони соҳаи хоҷагии об дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз оғози соли 2019 музди меҳнат пардохт намешавад, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи ба унвони Asia-Plus фиристодаи онҳо.

Дар муроҷиатнома онҳо изҳор мекунанд, ки ба гузашт кардан аз музди меҳнати соли гузашта розӣ буда, дархост доранд, ки ҳадди ақал маоши имсоларо диҳанд.

“Бигзор ҳукуматдорон дарк кунанд, ки ҳар кадоме аз мо оилаву фарзандон дошта, онҳоро хӯрондану пӯшондан, таҳсилашонро таъмин кардан ва боз дигар мушкилоти рӯзгорро ҳал кардан лозим аст. Чӣ кор кунем, вақте ки як тин ҳам пардохт намекунанд”, – навиштаанд онҳо.

Дар дафтари асосии кории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон далелҳои дар муроҷиатнома овардаро тасдиқ намуданд.

Яке аз кормандони Агентӣ изҳор намуд, ки бо сабаби мавҷуд набудани маблағгузории мутамарказ, аз 1 январи соли 2019 ба ҳамаи агентӣ маош пардохт намешавад. Ба гуфтаи коргарони “Хоҷагии об” (Водхоз), мушкили пардохт нашудани музди меҳнат дар Агентӣ аз замони таъсисёбиаш вуҷуд дошт.

Музди меҳнати миёнаи кормандони Агентӣ тақрибан 600 сомониро ташкил дода, дар минтақаҳо он моҳҳо пардохт намешавад. Танҳо дар мавсими обёрӣ кормандони идораҳои маҳаллии хоҷагии об ба саҳро баромада, барои обёрӣ пул мегиранд. Маблағҳои гирифта бисёр вақт ба сифати музди меҳнат дода мешавад. Роҳбарони хоҷагиҳои оби маҳаллӣ бо истифода аз техникаи дар ихтиёр доштаашон (экскаватор, трактор, ядак (притсеп) ва ғайра) воситаҳои пулӣ ба даст оварда, худу кормандонашонро бо маош таъмин мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, худи Агентӣ ба мушкилиҳои зиёд дар фаъолият дучор буда, директори Агентӣ Холмурод Раҳмон ҳанӯз ду сол қабл изҳор намуда буд, ки барои барқарор намудани тамоми низоми обёрии Тоҷикистон на камтар аз 750 млн. доллар маблағ зарур аст.

Айни замон беш аз 280 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон бо ёрии 492 пойгоҳҳои обкашӣ ва 79 заҳбуру ҷоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, ки барои интиқоли 1 метри мукааби об 0.275 кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунанд.

Бинобар сабаби имкон надоштан ба пардохти маблағи оби истифодашуда, хоҷагиҳои об ҳамагӣ 77%-и маблағро барои хизматрасониашон ҷамъоварӣ карда тавонистаанд.

Ин ҳолат ба қарздории Агентӣ назди энергетикҳо оварда расонидааст. Дар навбати худ, қарзи истифодабарандагони об аз Агентӣ беш аз 122 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Замони нашри хабар аз Агентӣ хабар доданд, ки дар ҳукумати кишвар ваъда додаанд, ки мушкили пардохт нашудани маошро ба кормандони хоҷагиҳои об дар рӯзҳои наздик ҳаллу фасл мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.