Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024

Дар Туркия гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ иштирок карданд. Дар ҳар як вазн барои сето роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж рақобатҳо сурат гирифтанд. Аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11 май дорандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё-2024 – легионер аз Ёқутистон Виктор Рассадин дар вазни 74 кг ба қувваозмоӣ баромад. Ба ӯ муяссар […]

Алексей Корчагин, Asia-Plus

Дар Туркия гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ иштирок карданд. Дар ҳар як вазн барои сето роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж рақобатҳо сурат гирифтанд.

Аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11 май дорандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё-2024 – легионер аз Ёқутистон Виктор Рассадин дар вазни 74 кг ба қувваозмоӣ баромад. Ба ӯ муяссар шуд, ки то даври нимфиналӣ расид. Дар он ӯ Чермен Валиевро аз Албания бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард ва роҳхати олимпӣ дарёфт намуд.

Ба ин тариқ, пас аз 12 соли мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи гӯштини тарзи озод дар Олимпиада иштирок мекунад.

То даври нимфиналӣ Виктор Рассадин бар гӯштингирони Қазоқистон Нуркожу Кайпанов (4:1), Фаронса – Зелимхон Ҳоҷиев (6:5) ва Украина – Вадим Тсрукан (2:0) дастболо шуд.

Легионери мунтахаби Тоҷикистон  ҳоло ягона гӯштингирест, ки ба иштирок дар Бозиҳои олимпии Париж роҳхат гирифт.

Айни замон Тоҷикистон дар 3 навъи варзиш ҳамагӣ 5 роҳхат ва инчунин 3 квотаи махсус ҷудошуда (2-то дар шиноварӣ ва 1-то дар варзиши сабук) дорад. Ин даъватномаҳоро федератсияҳои байнулмилалӣ ба таври анъанавӣ ба варзишгарон ҷудо карданд.

То Бозиҳои олимпӣ дар Париж вақти кам мондааст, лекин тоҷикистониён ҳоло ҳам имкон доранд, ки роҳхат дарёфт кунанд.

Бо маълум гардидани радабандӣ (рейтинг)-и ниҳоӣ дар навъи гӯштини ҷудо рӯзи 23 июн сафи тоҷикистониёни иштирокчии Олимпиада зиёд шуда метавонад. Аз рӯи натиҷаҳои он якчанд ҷудокорон аз Тоҷикистон ба Бозиҳои соли 2024 роҳхат хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин боксчиёни тоҷик низ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Бангкок (Таиланд) имкон доранд, ки роҳхат дарёфт кунанд.

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.