Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид

Дар Тоҷикистон акнун ба нафароне, ки монеи таҳсили хонандагон дар мактабҳои миёна мешаванд, ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шуд. Ин масъала дар парлумони кишвар баррасӣ гардид тағйироти зарурӣ ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд. Ба иттилои “Садои мардум”, нашрияи порлумони кишвар, дар яке аз ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон акнун ба нафароне, ки монеи таҳсили хонандагон дар мактабҳои миёна мешаванд, ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шуд. Ин масъала дар парлумони кишвар баррасӣ гардид тағйироти зарурӣ ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд.

Ба иттилои “Садои мардум”, нашрияи порлумони кишвар, дар яке аз ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуд.

Зариф Ализода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷузъиёти лоиҳаи мазкурро ба вакилон гуфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, 1-уми марти соли ҷорӣ Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”” қабул гардид, ки тибқи он шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд.

“Дар ин замина, мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида моддаи 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар таҳрири нав ифода гардида, ҷавобгарии ҷиноятиро пурзӯр кардааст”, – гуфтааст Ализода.

Ғайр аз ин, ҷазои моддаи 174 (иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) дар таҳрири нав ифода ёфта, мутобиқи он ҳадди ҷарима зиёд гардида, дар як вақт ба сифати ҷазои алтернативӣ корҳои ҳатмӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Мавлудахон Мирзозода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар парлумон аз ин иқдом дастгирӣ карда, гуфтааст, баъди ворид намудани тағйирот ба Қонун “Дар бораи маориф”, моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он, барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дар асоси тағйироте, ки рӯзи 20-уми феврал аз сӯи вакилони парлумони кишвар ба қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид. Дар сурати қатъи таҳсил, бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома дод.

Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд.

То ба ҳол ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) пешбинӣ шуда буд.

Ин ҳолат боис гардида буд, ки теъдоде аз хонандагони мактаб, махсусан духтарон пас аз хатми синфи 9 қатъи таҳсил кунанд. Одатан дар манотиқи дурдасти кишвар духтаронро пас аз қатъи таҳсил дар синфи 9 ба шавҳар медоданд, ки боиси интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.