Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд

Asia-Plus

Шоми 15 май як наврас дар Ҳисор ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз дарёфт кардаанд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор дар дарёи Хонақоҳ рух додааст.

“Рӯзи 15 май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Хонақоҳ навраси 13-сола, сокини шаҳри Ҳисор ғарқ шуд. Кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамдастӣ бо аҳолии маҳаллӣ субҳи имрӯз, 16 май ҷасади наврасро 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт намуда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, – хабар доданд дар Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чандин маротиба ба аҳолӣ муроҷиат намуда, изҳор дошта буд, ки мавсими оббозӣ ҳоло боз нашудааст ва волидонро ба ҳушёрӣ ва назорати кӯдакон даъват кард.

Аммо, сарфи назар аз ин, қариб ҳар рӯз дар бораи ҳодисаҳои фоҷеабор дар обанборҳои тамоми қаламрави кишвар, ки дар онҳо кӯдакону наврасон ҳузур доранд, хабарҳо мерасанд.

Дар ин робита, Кумита бори дигар аз волидон боисрор хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд, ба онҳо пайомади эҳтимолии риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обанборҳо ва риояи қатъии онҳоро фаҳмонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...