Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд

Date:

Дар ноҳияи Ашт дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 3 нафар ҳалок шуда, 4 нафари дигар ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 14-уми май дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзоалиев Сарбоз Ҳаётҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Дӯстӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ҳамин ноҳия ба самти муқобил роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115», таҳти идораи Ҷуманов Давлатбой Алимбоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст”, – менависад ВКД.

Дар натиҷа, ноболиғи дигар Мусурмон Ҷуманови 17-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115» Давлатбой Ҷуманов ва мусофираш ноболиғ Сироҷиддин Ҷуманови 15-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, баъдан ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи мошини «Мерседес-Бенс» ва мусофиронаш Ҳурматой Эшматова (68 сола), Мавлуда Қурбонова (53 сола) ва Шаҳромбек Абдурауфзода (2 сола) ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Ҳамаи онҳо аҳолии ноҳияи Ашт мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...