Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон ба итмом расидааст ва ӯ ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ муттаҳам шудааст. Дар ин бора Раёсати тафтишотии Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Абдураҳмонзода ҳамчун шахси мансабдори […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон ба итмом расидааст ва ӯ ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ муттаҳам шудааст. Дар ин бора Раёсати тафтишотии Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Абдураҳмонзода ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта пора гирифтааст.

“…барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ бо ин парвандаҳо аз хешвандони судшавандагон дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 ҳазору 800 сомониро ғайриқонунӣ гирифтааст”, – омадааст дар хабар.

Ҳоло нисбати Бахтиёр Абдураҳмонзода бо моддаҳои 247, қисми 4, банди «б»-и, 314, қисми 2 ва 319, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Ҳамчунин, нисбати Бахтиёр Абдураҳмонзода чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст.

Ба иттилои ҳафтаномаи “Фараж”, парвандаи ҷиноятии Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон дар Додгоҳи олии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Тақдири минбаъдаи собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ аз ҷониби ҳамкасбаш дар Додгоҳи олӣ Далер Холиқмуродзода қазоват мешавад. Аммо Холиқмуродзода дар суҳбат бо ин ҳафтанома аз ҷузъиёти мурофиаҳои судии парвандаи мазкур худдорӣ кард.

“Баъди қабули ниҳоии қарори суд ҳақ дорем, ки ба шумо ягон маълумот диҳем”, – гуфтааст Далер Холиқмуродзода.

Бояд гуфт, ки 26-уми январи соли равон расонаҳо хабар дода буданд, ки Бахтиёр Абдураҳмонзода ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешавад.

Ҳамин тавр, пас аз 4 рӯз, 30-юми январи имсол раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумронро аз вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда буд.

Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Абдураҳмонзода соли 2018 ба вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Ӯ то он дам ба ҳайси додрас дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.