Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 45 рӯз дар тамоми кишвар наздики 90 дарсад иҷро шудааст. Вилояти Суғд аз ҳама камтар нақшаро иҷро кардааст ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баъди Суғд қарор дорад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Вазорати мудофиа менависад, дар манотиқи кишвар нақшаи даъват ба таври зайл иҷро шудааст: – […]

Asia-Plus

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 45 рӯз дар тамоми кишвар наздики 90 дарсад иҷро шудааст. Вилояти Суғд аз ҳама камтар нақшаро иҷро кардааст ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баъди Суғд қарор дорад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати мудофиа менависад, дар манотиқи кишвар нақшаи даъват ба таври зайл иҷро шудааст:

– шаҳри Душанбе 100 дарсад;

– вилояти Суғд 67 дарсад;

– вилояти Хатлон  100 дарсад;

– шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 88 дарсад;

– ВМКБ 100 дарсад.

Ин ниҳод гуфтааст, “дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузориш доданд”.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Аз 1-уми апрели соли равон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.