Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд

Дар ноҳияи Ашт дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 3 нафар ҳалок шуда, 4 нафари дигар ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 14-уми май дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт рух додааст. “Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзоалиев Сарбоз Ҳаётҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Ашт дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 3 нафар ҳалок шуда, 4 нафари дигар ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 14-уми май дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзоалиев Сарбоз Ҳаётҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Дӯстӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ҳамин ноҳия ба самти муқобил роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115», таҳти идораи Ҷуманов Давлатбой Алимбоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст”, – менависад ВКД.

Дар натиҷа, ноболиғи дигар Мусурмон Ҷуманови 17-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115» Давлатбой Ҷуманов ва мусофираш ноболиғ Сироҷиддин Ҷуманови 15-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, баъдан ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи мошини «Мерседес-Бенс» ва мусофиронаш Ҳурматой Эшматова (68 сола), Мавлуда Қурбонова (53 сола) ва Шаҳромбек Абдурауфзода (2 сола) ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Ҳамаи онҳо аҳолии ноҳияи Ашт мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.