Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”

Asia-Plus

Рӯзи 16 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори идории Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева, ки бо сафар дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар нишасти хабарии пас аз вохӯрӣ бо сарвари давлат Кристалина Георгиева изҳор намудааст, ки зимни мулоқот имконияти дар оянда тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории самарабахши Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.

“Мо Барномаи нави ХБА барои Тоҷикистонро муҳокима кардем, ки ба самти дастгирии идомаи ислоҳот дар кишвар, беҳдошти фазои маблағгузорӣ, ҷалби сармоягузорон, истифодаи маблағҳои буҷетӣ баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, – иброз доштааст Георгиева. – Ин барномаи зарурӣ дар ҳолате амалӣ мегардад, ки Тоҷикистон сохтмони яке аз лоиҳаҳои, на танҳо барои кишвар, балки барои минтақа муҳим — НБО «Роғун»-ро идома дода истодааст. Ин иншоот манбаи тавлиди «энергияи сабз» барои рушди тиҷорати Тоҷикистон ва мардум мегардад”.

Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки Хазина ба аъзои худ захираҳои молиявиро тавассути механизми маблағгузории имтиёзноки иқлимии «Воситаи рушди устувор» ба муддати 20 сол бо муҳлати имтиёзноки 10,5 сол пешкаш мекунад.

Георгиева гуфтааст, айни замон 18 кишвар аз ин имконият истифода мебаранд ва ХБА итминон дорад, ки ҳар чӣ зудтар Тоҷикистонро ҳам ба ин пайванд месозад.

“Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст. Рушди иқтисодӣ беш аз 8 фоиз ва таваррум яке аз ҳама пасттарин наздик ба 3 фоизро ташкил медиҳад. Қарзи давлатӣ нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 27 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҳама муҳим мардуми тоҷик муттаҳид ҳастанд ва барои пешрафти Тоҷикистон талош доранд”, – таъкид доштааст директори идории Хазина.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо Кристина Георгиева президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки “Тоҷикистон саҳми Хазинаро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар қадр мекунад”.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои судовари саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тақвияти неруи инсонӣ табодули назар карданд.

Кристалина Георгиева рӯзи 16 май ба Тоҷикистон ташриф овард. Ба ҷуз дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ, шиносоии ӯ бо ҷараёни сохтмони неругоҳи “Роғун” дар назар аст. Сафари директори идории ХБА рӯзи 18 май ба охир мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...