Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд

Чор нафар иҷрокунандагони эҳтимолии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” аз болои қарори тамдиди муҳлати ҳабсашон то 22 август шикоят набурданд. Дар ин бора “РИА Новости” хабар медиҳад. Аз болои қарори тамдиди муҳлати боздошти Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридуни Шамсиддин шикоят пешниҳод нашуд. Қарори тамдиди муҳлати ҳабси онҳо ҳукми қонунӣ гирифт. Дар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Чор нафар иҷрокунандагони эҳтимолии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” аз болои қарори тамдиди муҳлати ҳабсашон то 22 август шикоят набурданд. Дар ин бора “РИА Новости” хабар медиҳад.

Аз болои қарори тамдиди муҳлати боздошти Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридуни Шамсиддин шикоят пешниҳод нашуд. Қарори тамдиди муҳлати ҳабси онҳо ҳукми қонунӣ гирифт.

Дар ҳамин ҳол, гумонбарони дигар – Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Яъқубҷон Юсуфзода, Муҳаммад Шарифзода, бародарон Аминҷону Диловар ва падари онҳо Исроил Исломов, Алишер Қосимов шикоят аз болои қарорро дархост намуданд. Суди Басманнии Маскав дар бораи се моҳ тамдид кардани муҳлати ҳабси онҳо низ қарор содир карда буд.

Тавре ки Mash  менависад, гумонбарони ҳамла ба “Крокус” то ҳол дар ҳуҷраҳои якнафараи боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Лефортово нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он ҳарос доранд, ки дигар боздоштшудагон метавонанд худсарона онҳоро ҷазо диҳанд.

Mash зикр мекунад, ки пас аз боздошт ҳамаи онҳо дар ҳуҷраҳои якнафара нигаҳдорӣ мешуданд.

“Минбаъд онҳоро бояд ба ҳуҷраҳои васеътар – барои ду ва чор нафар мекӯчониданд, лекин шарти муҳими нигаҳдорӣ он аст, ки иштирокчиёни як парванда дар як ҷой нигаҳдорӣ шуда наметавонанд. Тибқи яке аз фарзияҳо, онҳоро барои он накӯчонидаанд, ки дигар бошандагони “Лефортово” аз сари эҳсосот онҳоро метавонанд худсарона ҷазо диҳанд”, – хабар медиҳад манбаъ.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав муҳлати ҳабси 12 гумонбари парвандаро то 22 август дароз кард.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Ҳамаи гумонбарони ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” як рӯз пас аз ҳодиса – 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд. Қариб ҳамаи онҳо шаҳрвнадони Тоҷикистон зикр шуданд. Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.