Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” эълон кард, ки нархи карбамид то 3,6 сомонӣ барои 1 кило поин рафт. Қаблан он 7 сомонӣ нарх дошт. Арзиши 1 халтаи вазнаш 50 килои кабамид 180 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2022 як халта карбамид 400 сомонӣ ва дар соли 2023 – 350 сомонӣ арзиш дошт. Дар ин бора дар сомонаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” эълон кард, ки нархи карбамид то 3,6 сомонӣ барои 1 кило поин рафт. Қаблан он 7 сомонӣ нарх дошт.

Арзиши 1 халтаи вазнаш 50 килои кабамид 180 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2022 як халта карбамид 400 сомонӣ ва дар соли 2023 – 350 сомонӣ арзиш дошт.

Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки аз ҳисоби истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дохили ҷумҳурӣ, Тоҷикистон воридоти нуриҳоро ба андозаи 12% кам кардааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар корхонаи “Азот” соли гузашта зиёда аз 36 ҳазор тонна нуриҳои азотӣ ва дар корхонаи кимиёвии “Ёвон” – 1,1 ҳазор тонна нуриҳои фосфорӣ истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, барои пурра таъмин сохтни кишвар  бо ин маҳсулот ба Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст. Бо ҳамин сабаб ҷумҳурӣ мисли пешин ба воридот вобаста мебошад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 63 млн доллар 175,5 ҳазор тонна ва соли 2022 – ба маблағи 80 млн доллар 199,2 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ харид.

Дар сурати пурра коршоям будани хатҳои технологии корхонаи “Азот” ҳамасола истеҳсоли 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид имкон дорад. Дар корхонаи “Талко Кемикал” дар Ёвон ҳамасола истеҳсоли то 75 ҳазор тонна маҳсулот ва ба ин васила ноил гардидан қатъи воридоти нуриҳои фосфорӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.