Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст

Обуҳавои имсолаи мусоид ду дарёи асосии минтақаи Осиёи Марказӣ – Амударё ва Сирдарёро сероб кард. “Дар натиҷаи боришот имсол дар дарёҳои Амударё ва Сирдарё сатҳи боло мешавад. Пешгӯӣ мешавад, ки нисбат ба меъёрҳои дарозмуҳлат дар Сирдарё 85-90% об ва дар Амударё – 90-95% мешавад”, – изҳор доштааст вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев. Ба гуфтаи ӯ, дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Обуҳавои имсолаи мусоид ду дарёи асосии минтақаи Осиёи Марказӣ – Амударё ва Сирдарёро сероб кард.

“Дар натиҷаи боришот имсол дар дарёҳои Амударё ва Сирдарё сатҳи боло мешавад. Пешгӯӣ мешавад, ки нисбат ба меъёрҳои дарозмуҳлат дар Сирдарё 85-90% об ва дар Амударё – 90-95% мешавад”, – изҳор доштааст вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи 86-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об рӯзи 12 апрел дар Чимкент (Қазоқистон) кишварҳои минтақа дар бораи лимитҳо (маҳдудиятҳо) ба об тавофуҳ ҳосил карданд.

Мувофиқи лимити тасдиқшудаи обгирӣ дар давраи обёрии соли 2024 дар ҳавзаи Сирдарё кишварҳо барои обёрии заминҳои худ чунин миқдор об мегиранд:

Тоҷикистон – 1 млрд 905 млн

Қазоқистон – 922 млн

Қирғизистон – 270 млн

Ӯзбекистон – 8 млрд 800 млн метри мукааб об.

Обгирӣ аз ҳавзаи Сирдарё ҳамагӣ 11 млрд 897 млн метри мукаабро ташкил медиҳад.

Обгирӣ аз Амударё дар давраи обёрӣ (аз 1 апрел то 1 октябри соли 2024) ба 39 млрд 702 метри мукааб баробар аст.

Аз ин миқдор давлатҳо барои обёрӣ чунин миқдор об мегиранд:

Тоҷикистон – 6 млрд 982 млн

Ӯзбекистон – 17 млрд 220 млн

Туркманистон – 15 млрд 500 млн метри мукааб об.

Партоби об ба шохаи дарёи ва баҳри Арал дар давраи обёрӣ 2 млрд 100 млн метри мукаабро ташкил хоҳад дод.

Аз ин рӯ, тавре ки мутахассисон мегӯянд, мавсими кишоварзии имсола бояд бидуни мушкилии зиёд гузарад.

Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об маъмулан ду бор дар як сол – баҳор ва тирамоҳ барои тасдиқи лимитҳои обгирӣ аз ҳавзаи ду дарёи бузурги минтақа гирдиҳам меоянд.

Соли гузашта лимити умумии обгирӣ аз ҳавзаҳои дарёҳои Амударё ва Сирдарё дар ҳаҷми 51 млрд 572,6 млн метри мукааб об барои обёрӣ тасдиқ шуда буд. Аз ин миқдор ҳаҷми обгирӣ аз Амударё бояд 39 млрд 677,6 млн метри мукааб ва аз Сирдарё – 11 млрд 895 млн метри мукаабро ташкил медод.

Лекин дар соли 2023 кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеъан 42 млрд 997,1 млн метри мукааб ё худ 83,37%-и лимти обгириро истифода бурданд.

Ҳаҷми обгирӣ аз ҳавзаи дарёи Амударё 33,2 млрд ва аз Сирдарё – 9,807 млрд метри мукаабро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.