Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе

Дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба хотири видоъ бо Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Ҳусей Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳонашон дафтари таъзия боз шуд. Ин маросим имрӯз соати 10:00 оғоз шуд ва то пагоҳ соати 17:00 давом хоҳад кард. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳоким Холиқзода, […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба хотири видоъ бо Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Ҳусей Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳонашон дафтари таъзия боз шуд. Ин маросим имрӯз соати 10:00 оғоз шуд ва то пагоҳ соати 17:00 давом хоҳад кард.

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳое буданд, ки бо намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуданд.

Ҳамчунин, сафирон ва намояндаҳои сафоратҳои гуногун, ба мисли сафирони Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Туркия, Русия, Фаластин, Покистон ва дигар шахсони расмӣ барои изҳори ҳамдардӣ ба Сафорати Эрон дар Душанбе омаданд.

Дар пайи марги раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар дар ин кишвар 5 рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. Ба ин хотир парчами Эрон дар сафораташ  дар Душанбе ҳам нимаафрошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳрҳои мухталифи Эрон маросими видоъ бо раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ баргузор мегардад ва рӯзи 23-юми май ӯро ҷаноза карда, ба хок месупоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.