Аз 25 май дар Душанбе автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ ба равуо оғоз мекунанд

Бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар пойтахт 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ боз мегардад, ки тавассути автобусҳои дуқабата равуо мекунанд. Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, хатсайрҳои нав бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳои сайёҳӣ ба меҳмонону ифтитоҳ карда мешаванд. Маросими расмии ифтитоҳи […]

Бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар пойтахт 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ боз мегардад, ки тавассути автобусҳои дуқабата равуо мекунанд.

Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, хатсайрҳои нав бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳои сайёҳӣ ба меҳмонону ифтитоҳ карда мешаванд.

Маросими расмии ифтитоҳи 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ рӯзи 24 май дар “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар доираи хатсайрҳои нав сайри шомгоҳии Душанбе ташкил карда шуда, сокинону меҳмонон бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии  пойтахт шинос мешаванд.

Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Гуфта мешавад, фаъолияти мунтазамии хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата аз 25 май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад.

Сайри пойтахт дар қадами аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Дар Бораи нархи билет маълумот дода нашудааст.

Дар доираи ин иқдом хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе сурат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.