Арзиши ҳадди ақалли ширкати “Барқи тоҷик” то 1 млрд 330 млн доллар боло рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asua-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори худ дастур дод, ки сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)-и “Барқи тоҷик” ба маблағи зиёд аз 282,4 млн сомонӣ (26 млн доллар) боло бурда шавад.

Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, гуфта мешавад, афзоиши сармояи оинномавӣ “бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда мешавад”.

Дар қарор зикр мешавад, ки сармояи оинномавии ташаккулёфта пас аз баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёда аз 14,5 млрд сомонӣ (1 млрд 330 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Оинномаа ҶСК “Барқи тоҷик”, ки моҳи январи соли 2023 аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд, гуфта мешавад, сармояи оинномавии ширкат “метавонад бо роҳи афзоиши арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад”, лекин ба он “танҳо пас аз пардохти пурраи он иҷоза дода мешавад”.

Ба афзоиши сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброни зарари ширкат ё пардохти қарзи муҳлаташ таъхирафтода иҷоза дода намешавад.

Дар санад таъкид мешавад, ки  сармояи оинномавии ширкат тавассути саҳмҳо дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, коғазҳои қиматнок, арзишҳои зеҳнӣ, инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул ёфта, арзиши ҳиссаҳо бо асъори миллӣ муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки муассиси ҶСК “Барқи тоҷик” ҳукумати Тоҷикистон буда, бастаи пурра (100%)-и саҳмияҳои ширкат ба он тааллуқ дорад.

ҶСК “Барқи тоҷик” пас аз бозсозии сохтор (қаблан – ШСХК “Барқи тоҷик”) танҳо ба истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ машғул буда, инчнуин вазифаи оператори бозори неруи барқро ба уҳда дорад. Дар доираи навсозии сохтор боз ду ширкати дигар таъсис дода шуданд, ки ба интиқолд ва тақсимоти барқ машғуланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...