Аҳднома миёни Тоҷикистону Қирғизистон. Президентҳо ҳамдигарро табрик карданд

Asia-Plus

Имрӯз, 27 май дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон байни сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат Садир Жапаровро табрик намуда, зикр кард, ки “ин санади бунёдӣ асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои кишварҳои моро дар шароити нави давлатдорӣ таҳким бахшида, заминаи мусоиди рушди ҳамкориро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн фароҳам овард”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар оянда низ барои пешбурди босамари ин раванд бар асоси усулҳои созандагӣ, равобити дӯстона, ҳамсоягии нек, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ хизмат хоҳад кард.

“Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишвар ва талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати   густариши бомароми робитаҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо таъкид менамоям”, – овардааст гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро хадамоти матбуот.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Садир Жапаров сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиааш комёбиҳо ва ба мардуми Қирғизистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу кардааст.

Дар навбати худ, президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ Эмомалӣ Раҳмонро табрик карда, иҳори итминон кардааст, ки “таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, эътимод, ризоият ва баробарҳуқуқӣ заминаи зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба ташкил дода, ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мардумони мо мебошад”.

“Бовар дорам, ки мо дар такя ба натиҷаҳои мавҷуда ва бо талошҳои муштарак метавонем таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии мардумони Қирғизистону Тоҷикистонро таъмин намоем”, – таъкид доштааст президенти кишвари ҳамсоя.

Жапаров ба сарвари давлати Тоҷикистон саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиаш муваффақият, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...