Дар рӯзҳои истироҳат ду кӯдак дар ҷануби кишвар ҳалок шуданд

Дар рӯзҳои истироҳат дар ҷануби Тоҷикистон ду ҳодисаи фоҷеабори марги кӯдакон сабт шуд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи шанбеи 25-уми май як духтари 12-сола аз деҳаи Қизилсӯи ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳангоми кӯмак ба падараш барои чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ дар пайи омадани сел ба […]

Asia-Plus

Дар рӯзҳои истироҳат дар ҷануби Тоҷикистон ду ҳодисаи фоҷеабори марги кӯдакон сабт шуд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи шанбеи 25-уми май як духтари 12-сола аз деҳаи Қизилсӯи ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳангоми кӯмак ба падараш барои чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ дар пайи омадани сел ба ҳалокат расид.

Ҷасади ӯро аз сел дар деҳаи Лангари ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон пайдо кардаанд.

Рӯзи якшанбеи 26-уми май дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон як духтари 6-сола дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд, ки дар маркази вилоят дар хонаи хешовандонаш беназорат монда буд.

“Пас аз гирифтани маълумот дар бораи ҳодиса гурӯҳи наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ оғоз шуданд, аммо то охири рӯз натиҷае надоданд. Имрӯз, 27-уми май, корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд”, – омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Кумита бори дигар ба падару модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандони худро нигоҳубин кунанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои истироҳат дар аксар манотиқи кишвар борону жола борид.

Дар ҳамин ҳол, кормандони КҲФ бо истифода аз 105 мушаки зидди жолаи навъи “Алазан” дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён ва Балхӣ 28 ҳолати хатарнокро бартараф карданд.

КҲФ гуфт, ин имкон дод, ки даҳҳо гектар заминҳои кишти кишоварзӣ аз хатари нобудь ва зарар наҷот дода шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.