Вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо Рамазон Раҳимзода вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

Имрӯз, 27-уми май Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, вазири рус бо ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода мулоқот мекунад ва яке аз масъалаҳои асосоӣ баррасии вазъи муҳоҷирати меҳнатии тоҷик дар Русия аст. “Дар ҷаласа […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Имрӯз, 27-уми май Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, вазири рус бо ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода мулоқот мекунад ва яке аз масъалаҳои асосоӣ баррасии вазъи муҳоҷирати меҳнатии тоҷик дар Русия аст.

“Дар ҷаласа ҳайатҳо масоили марбут ба будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ва шаҳрвандони Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд”, – гуфтанд аз ВКХ.

Ҳамчунин, вазирони корҳои дохилии ду кишвар дар ифтитоҳи бахши шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия дар Душанбе ширкат хоҳанд кард.

Сафари вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон баъди ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл”-и Маскав, ки дар пайи он  чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт ва афзоиши фишору таъқиби тоҷикон дар аз сӯйи мақомоти рус зиёд шуд, сурат мегирад.

Баъди ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати сафири Русия ба ӯ расман нота супорид ва нигаронии худро аз муносибати мақомоти ин кишвар нисбати тоҷикон расонид.

Дар пайи ин Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин занг зад ва гуфт, ки “нигаронии ҷониби Тоҷикистонро дарк мекунад”, вале ин иқдоми мақомоти Русия ба хотири пешгирӣ аз амалҳои террористӣ рӯйи даст гирифта шуда, муқолиби ҳеҷ як миллат нигаронида нашудааст. Вале вазири тоҷик гуфт, чунин бархурд ба намояндагони дигар миллатҳо дида намешавад.

Баъди ин ҳам шикоятҳо аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон дар Русия кам нашуд. Аз ҷумла, чанд рӯз қабл Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки танҳо дар як ҳафтаи охир (13-19-уми май дар назар аст. -Идора) 1200 муҳоҷири кории тоҷик оид ба боздошти ғайриқонунӣ, нақзи ҳуқуқашон аз сӯи пулиси Русия ва қарорҳои беасоси ихроҷашон аз сӯи додгоҳҳои ин кишвар ба ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия шикоят кардаанд.

Дар пайи он Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, роҳбарони ду кишвар дар Русия мулоқот карданд ва ба хулосае омаданд, ки вазирони корҳои дохилии ду кишвар вазъи муҳоҷирони кории тоҷикро дар ҷаласаи байниҳукуматӣ дар Душанбе баррасӣ кунанд.

Ёдрас мешаваем, ки моҳи июни соли гузашта низ Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон омада бо Рамазон Раҳимзода мулоқот карда буд. Муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он яке аз масъалаҳое, буд ки зимни ҷаласаи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.