Гумонбари ҳамла ба “Крокус” гуфт, тавассути “Телеграм” “ба дом афтод”. Чӣ бояд кард, то “тӯъма”-и мубаллиғони ифротӣ нашуд?

Аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав, ки боиси марги 145 нафар гардид, инак ду моҳ гузашт. Гумонбарони ин ҳамла дар лаҳзаи аввали боздошт зери фишор ва баъдан, дар шароити норӯшан дар боздоштгоҳ гуфтанд, ки тавассути паёмрасони Телеграм ба дом афтоданд. Ва бо ин теракт бори дигар мавзӯи муқовимат ба ифротгароиро […]

Аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав, ки боиси марги 145 нафар гардид, инак ду моҳ гузашт. Гумонбарони ин ҳамла дар лаҳзаи аввали боздошт зери фишор ва баъдан, дар шароити норӯшан дар боздоштгоҳ гуфтанд, ки тавассути паёмрасони Телеграм ба дом афтоданд. Ва бо ин теракт бори дигар мавзӯи муқовимат ба ифротгароиро доғ шуд. “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард.

 

Чӣ гуна тоҷикон ба дом афтоданд?

Бо гузашти ду моҳ ҷузъиёти тафтишоти парванда ва ҳамин тавр, чӣ гуна тавассути Телеграм ба дом афтодани гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳол” маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳ барои анҷоми тафтишот, муҳлати ҳабси пешакии ҳама гумонбаронро то 22-юми август тамдид кард.

Гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол” то ҳол дар ҳуҷраҳои якнафараи боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Лефортово нигаҳдорӣ мешаванд.

“Минбаъд онҳоро бояд ба ҳуҷраҳои васеътар – барои ду ва чор нафар мекӯчониданд, лекин шарти муҳими нигаҳдорӣ он аст, ки иштирокчиёни як парванда дар як ҷой нигаҳдорӣ шуда наметавонанд. Тибқи яке аз фарзияҳо, онҳоро барои он накӯчонидаанд, ки дигар бошандагони “Лефортово” аз сари эҳсосот онҳоро метавонанд худсарона ҷазо диҳанд”, – менависад Mash.

 

Роҳе, ки бо он мубаллиғон “тӯъма” мегиранд

Тибқи иттилои марказҳои мубориза бо идеологияи ифротгароӣ, созмонҳои террористию экстремистӣ дар баробари фаъолияти густардаи иттилоотӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба “мағзшуӣ”-и ҷавонон машғул ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистонро ҳам ин мавзӯъ нигарон кардааст. Аз он ҷумла, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз он ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи гурӯҳҳои мамнӯъ пайвастани шаҳрвандон зиёд шудааст, ибрози нигаронӣ кард.

“Бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард”, – гуфт раиси ҷумҳури кишвар.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур афзуд, “тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд”.

 

Огоҳии ками динӣ ва ваъдаи маблағи ҳангуфт

Таҳлилгарон сабаби аслии ҷалби шаҳрвандонро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба огоҳии ками онҳо аз масъалаҳои динӣ ва ваъдаи маблағи ҳангуфт рабт медиҳанд.

Онҳо бар онанд, ки на ҳар матлабе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо “бисмиллоҳ” сар мешавад, ба дин иртибот дорад ва на ҳар маблағи ҳангуфте, ки нафарони ношинос ваъда медиҳанд, бемақсад аст.

Аммо ин ду нуктаи заъфи шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ аз он истифода мебаранд.

Бо кӯшиши Маркази ҷаҳонии мубориза бо идеологияи ифротгароӣ (Etidal), дар се моҳи аввали соли 2024 танҳо Телеграм 445 гурӯҳи ифротгароиро баста ва беш 16 млн маводи ифротиро пок кардааст.

Ғайр аз ин, пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” то кунун Телеграм беш аз 43 миллион маводи ифротгароиро ҳазф намудааст.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бояд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бар зидди ифротгароӣ мубориза баранд ва пешниҳодоти гуногун доранд.

 

Тафаккури интиқодӣ ва шикоят ба модераторон

Мо аз коршиносон пурсидем, ки оё имкони шинохтани маводи дорои хусусияти террористиву ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва чӣ тавр метавон худро аз доми мубаллиғон канор гирифт.

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин мегӯяд, ба ҳамаи иттилоъ бояд бо шубҳа нигарист, махсусан маводе, ки бо такя ба дин инсонҳоро ба ин ё он роҳ даъват мекунанд.

Ӯ мегӯяд, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бояд тафаккури интиқодиро ба кор баранд, то ки ҳар як “пост”-еро, ки калимаҳои динӣ дар он навишта шудааст, бовар накунанд ва бешубҳа нанигаранд.

“Санҷиши ҳар иттилооти вохӯрда зарур аст. Хусусан, агар ин иттилоъ дар мавзӯъҳои динӣ бошанд. На ҳама матнҳое, ки бо “Бисмиллоҳ” оғоз меёбанд, ба исломи ноб рабт дорад”, – таъкид мекунад коршинос.

Ба қавли Гулов, корбарони интернетӣ ба “пост”-ҳои характери динӣ дошта, беҳтараш ягон лайку шарҳ нагузоранд ва вориди баҳсҳои динӣ нашаванд, зеро ин нишон медиҳад, ки ба ин мавзӯъ шавқу рағбат дорад ва диққати мубаллиғону ифротиёнро ҷалб мекунанд.

Рустам Гулов таъкид мекунад, ки аз баҳсу мунозираи истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ мубаллиғон на фақат донишҳои онҳоро мефаҳманд, балки заъфҳояшонро дониста, барои фиреб додани ӯ роҳи нисбатан осонро пайдо мекунанд.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро зарур аст, ки дар сурати бо “пост”-ҳои муҳтавои ифротидошта мувоҷеҳ шудан ба модераторон шикоят баранд, то он муҳтаҳои мунфӣ пок карда шавад.

 

Бештар сомонаҳои муфид сохта ва муҳтавои муфид интишор шавад

Дар ҳамин ҳол, коршиноси дигари фанновариҳои навин Асомиддин Атоев мегӯяд, ки ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди матолиби ифротгароёна мубориза мебаранд: матлабҳои хусусияти ифротӣ доштаро пок ва саҳифаи корбарони онро масдуд мекунанд.

Ӯ ғайр аз ин меафзояд, ки пайгирӣ кардани матлабҳои муҳтавои террористидошта хатарзо аст ва пешниҳод дорад, ки агар сомона ва саҳифаи муфид зиёд шаванд ва дар он муҳтавои ба манфиати шаҳрвандон интишор гардад, беҳтар аст.

“Агар ҳама сомона ва саҳифаҳои муҳтавои ифротидошта муайян намуда ва онро масдуд кунем ҳам, чанде пас боз даҳҳо сомонаву саҳифаҳои нав сохта мешавад. Бо ин роҳ мубориза бурдан – яъне пайгирӣ кардани он гурӯҳҳои ифротӣ аст, ки ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан ба ононе, ки саводи кофӣ надоранд, хатарзо мебошад”, – мегӯяд Асомиддин Атоев.

Ин коршинос меафзояд, яке аз роҳҳои муборизаи судманд бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ – ин эҷод кардани сомона ва саҳифаҳои алтернативӣ аст, ки ба имкониятҳои нав ва ба рушди устувор бахшида шудаанд: дар ин сомона ва саҳифаҳо бояд муҳтавое ҷой дода шавад, ки намегӯяд ин ё он гурӯҳ хатарнок аст, балки перомуни манфиати таҳсил, донистани ҳуқуқҳои худ ва имкониятҳои навин маълумоти ҷолиб интишор медиҳад.

Атоев таъкид мекунад, ки агар дастрасӣ ба сомона ва саҳифаи муфид зиёд шаванд, ҳоҷати пайвастан ва пайгирӣ кардани сомона ва саҳифаҳои сӯзанда боқӣ намемонад.

 

Ҷазо то ҳабси абад

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки қонунгузории Тоҷикистон барои фаъолияти террористиву экстремистӣ, сафедкунӣ ва ташвиқу тарғиби он дар интернет ҷазои сангин пешбинӣ кардааст.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии “Хома” мегӯяд, дар Кодекси ҷиноятии ҶТ терроризм ва экстремизм ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ворид карда шудааст ва агар он тавассути интернет сурат гирифта бошад, ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо пешбинӣ мешавад.

Ӯ меафзояд, ки дар Кодекси ҷиноятии ҶТ барои пайвастан, сафед кардан, сарпарастӣ ё таблиғ намудани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз 2 то 25 сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, қонунгузории Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнини террористӣ ҳукмӣ қатл пешбинӣ намудааст, вале танҳо бо сабаби он ки соли 2004 дар Тоҷикистон ба иҷрои ҳукми қатл моратория эълон карда шуд, он ба ҳукми абад иваз гардидааст.

Бо моддаҳое, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ ҷазо пешбинӣ мекунанд, инҷо метавонед шинос шавед.

 

Таърихчаи ҳодиса​​​​​​​

Ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскав шоми 22-юми март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт.

Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аксар гумонбарони ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” як рӯз пас аз ҳодиса – 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд. Акнун ҳукми боздошти муваққатии онҳо то 22-юми август тамдид шуд.

Қариб ҳамаи онҳо шаҳрвнадони Тоҷикистон зикр шудаанд. Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон” ба ӯҳда гирифтааст.

Назари гумонбарон дар ин робита дастрас нест, маълум нест, ки онҳо вакили дифоъ доранд ва ё на, вале волидони чандин гумонбар дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтанд, ки ба даст доштани фарзандонашон дар ҳодисаи террористӣ бовар надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.