Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъкид кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 май вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба ҷумҳурӣ омад, ба ҳузур пазируфт. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. “Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 май вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба ҷумҳурӣ омад, ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд.

“Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, инчунин натиҷаҳои пурсамари кори муштараки сохторҳои дахлдори ҳарду давлатро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуд.

“Бо қаноатмандӣ ба кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқоте, ки чанде қабл дар сатҳи олӣ оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи муҳоҷират ҳосил шуда буданд, ишора гардид.

Пешвои миллат бахусус аҳамияти қабули тамоми чораҳои заруриро баҳри таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, таъкид намуданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки вазири корҳои дохилии Русия ҳамроҳ бо ҳайати калони ҳукуматӣ барои баргузории даври навбатии музокирот оид ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират ба Душанбе ташриф овардааст.

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари мазкур вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, иштирок дар маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии ВКД Русия дар Тоҷикистон ва даври дуюми музокироти Тоҷикистону Русия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират дар назар дошта шудааст.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, имрӯз, 28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мегардад.

Дар ҳошияи баргузории ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти марбутаи муҳоҷирати  Тоҷикистон бо  Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

Дар кори Шӯро вазъи муҳоҷират, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ ва ҷараёни омодасозии санадҳои намунавии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дигар масъалаҳо муҳокима мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.