Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, аз 28 то 30 май дар баъзе маҳалҳои ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои шарқи ВМКБ  омадани селҳо дар назар аст. Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, аз 28 то 30 май дар баъзе маҳалҳои ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои шарқи ВМКБ  омадани селҳо дар назар аст.

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Дар ВМКБ обуҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳарорат шабона дар ғарби вилоят 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм, дар шарқи минтақа шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар водиҳо бидуни боришот, лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 28-33 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ обуҳавои абрнок, дар доманакӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 16-21 дараҷа ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10-15 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои абрнок, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе обуҳавои абрноки тағйирёбандаи бидуни боришот пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 15-17 дараҷа ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио