Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт тақрибан се моҳ баста мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як қарори дахлдори шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дод. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ин роҳ бо сабаби таъмир баста мешавад. “Дар кӯчаи Шамсӣ (аз хиёбони Б.Ғафуров то хиёбони А.Сино) аз 29 майи соли 2024 то 20 августи […]

Asia-Plus

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт тақрибан се моҳ баста мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як қарори дахлдори шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дод.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ин роҳ бо сабаби таъмир баста мешавад.

“Дар кӯчаи Шамсӣ (аз хиёбони Б.Ғафуров то хиёбони А.Сино) аз 29 майи соли 2024 то 20 августи соли 2024 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад”, – омадааст дар қарори шаҳрдор.

Дар асоси қарор Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе масъул шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилиро, ки дар кӯчаи Шамсӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намоянд.

“Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣ андешад”, – омадааст дар қарор.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовини шаҳрдори Душанбе гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.