Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон

Соли 2023 дар 16 кишвари ҷаҳон 1153 ҳукми эъдом иҷро шудааст, ки ин шумора баландтарин дар нӯҳ соли охир аст. Дар ин бора дар гузориши солонаи Созмони Авфи байналмилал ё “Amnesty International” оид ба татбиқи ҳукмҳои қатл зикр шудааст. Ба иттилои манбаъ, иҷрои ҳукми эъдом дар соли гузашта 31 дарсад зиёдтар нисбат ба соли 2022 […]

Соли 2023 дар 16 кишвари ҷаҳон 1153 ҳукми эъдом иҷро шудааст, ки ин шумора баландтарин дар нӯҳ соли охир аст. Дар ин бора дар гузориши солонаи Созмони Авфи байналмилал ё “Amnesty International” оид ба татбиқи ҳукмҳои қатл зикр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иҷрои ҳукми эъдом дар соли гузашта 31 дарсад зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст. Соли 2022 “Amnesty International” дар бораи иҷрои 883 ҳукми эъдом дар 20 кишвар хабар дода буд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки баландтарин нишондиҳандаи ҳукми эъдом дар соли 2015 аз ҷониби ин созмон ба қайд гирифта шудааст. Соли 2015 дар бораи эъдоми 1634 нафар дар саросари ҷаҳон хабар дода шуда буд. Шумораи ҳукмҳои қатле, ки дар соли 2023 аз сӯи додгоҳҳо содир шудаанд, 20 фоиз зиёд шуда, ба 2428 расидааст.

Дар панҷгонаи кишварҳое, ки дар соли 2023 бештарин ҳукмҳои қатлро иҷро кардаанд  Чин (маълумоти дақиқ номаълум), Эрон (на камтар аз 853 қатл), Арабистони Саудӣ (172), Сомалӣ (на камтар аз 38) ва ИМА (24) шомил шудаанд.

Дар ин давра, 508 қатл барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст: аз ҳама бештар дар Эрон – 481.

Ба ҳолати охири соли 2023, дар саросари ҷаҳон на камтар аз 27 687 нафар ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд.

Дар ҳамин давра, 112 кишвар ҳукми қатлро пурра бекор карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.