Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон

Asia-Plus

Соли 2023 дар 16 кишвари ҷаҳон 1153 ҳукми эъдом иҷро шудааст, ки ин шумора баландтарин дар нӯҳ соли охир аст. Дар ин бора дар гузориши солонаи Созмони Авфи байналмилал ё “Amnesty International” оид ба татбиқи ҳукмҳои қатл зикр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иҷрои ҳукми эъдом дар соли гузашта 31 дарсад зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст. Соли 2022 “Amnesty International” дар бораи иҷрои 883 ҳукми эъдом дар 20 кишвар хабар дода буд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки баландтарин нишондиҳандаи ҳукми эъдом дар соли 2015 аз ҷониби ин созмон ба қайд гирифта шудааст. Соли 2015 дар бораи эъдоми 1634 нафар дар саросари ҷаҳон хабар дода шуда буд. Шумораи ҳукмҳои қатле, ки дар соли 2023 аз сӯи додгоҳҳо содир шудаанд, 20 фоиз зиёд шуда, ба 2428 расидааст.

Дар панҷгонаи кишварҳое, ки дар соли 2023 бештарин ҳукмҳои қатлро иҷро кардаанд  Чин (маълумоти дақиқ номаълум), Эрон (на камтар аз 853 қатл), Арабистони Саудӣ (172), Сомалӣ (на камтар аз 38) ва ИМА (24) шомил шудаанд.

Дар ин давра, 508 қатл барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст: аз ҳама бештар дар Эрон – 481.

Ба ҳолати охири соли 2023, дар саросари ҷаҳон на камтар аз 27 687 нафар ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд.

Дар ҳамин давра, 112 кишвар ҳукми қатлро пурра бекор карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...