Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо директори Фонди Роҳи абрешими Чин Тсай Сиютзюн маблагузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот дар робита ба аз ҷониби ҳукумати Чин ҷудо гардидани 26 млрд юан (3,6 млрд доллар) барои маблағгузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Завқизода имконоти сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Вазир пешниҳод намуд, ки маблағгузории лоиҳаҳои қаблан барои баррасӣ ба ҷониби Чин пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гиранд, аз ҷумла:

– «Модернизатсияи корхонаи «Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)»;

– «Сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашт»;

 – «Таъсиси корхонаи нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик»;

– «Таъсиси маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара»;

– «Сохтмони Парки индустриалӣ-технологии муштарак»;

– «Сохтмони гармхонаҳо дар вилояти Хатлон»;

 – «Мутобиқ гардонидани қитъаҳои роҳи автомобилгарди Гулистон-Кулоб ва Рӯшон-Варшез».

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли гузашта раиси Чин Си Ҷинпин эълом дошт, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати таҳкими имконоти рушд, коҳиши камбизоатӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ 26 млрд юан кумаки бебозгашт ҷудо карда мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ, Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин (давоми солҳои 2007-2023) ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад, ки қисмате аз он кумаки бебозгашт мебошад.

Ғайр аз ин, Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон шуморида мешавад. Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, то аввали соли 2024 қарзи Тоҷикистон аз Чин 900 млн долларро ташкил дода, ба 27,8% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи кишвар баробар аст.

Дар савдои хориҷии Тоҷикистон Чин пас аз Русия зинаи дуюмро ишғол мекунад. Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2023 ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин зиёда аз 1,5 млрд долларро ташкил дод, ки 24,2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Аз ҷумла, содирот ба Чин 313,8 млн доллар ва воридот аз ин кишвар ба ҷумҳурӣ – ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил дод.

Ҳиссаи савдо бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба 18% баробар шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...