“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд

Рӯзҳои 29-30 май дар Душанбе таҳти унвони “Роҳ ба сӯи Тиён-Шон” конфронси байнулмилалӣ доир гардид, ки дар кори он масоили таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуданд. Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, конфронс аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Комиссияи иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) созмон дода […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 29-30 май дар Душанбе таҳти унвони “Роҳ ба сӯи Тиён-Шон” конфронси байнулмилалӣ доир гардид, ки дар кори он масоили таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуданд.

Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, конфронс аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Комиссияи иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) созмон дода шуд.

Конфронси байналмилалӣ ба 10-солагии имзои Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ «Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ», инчунин татбиқи Созишнома дар бораи таҳкими шуғл дар соҳаи нақлиёти заминии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 13 сентябри соли 2023 дар Душанбе ба имзо расидааст, бахшида шудааст.

Дар кори Конфронс тақрибан 350 намояндаи мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, СҲШ, Туркия, инчунин созмонҳои байналмилалӣ аз қабили СҲШ, ЮСАИД, ТРАСЕКА, ЭСКАТО, ШБР ИДМ ва Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ вазъ ва дурнамои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва ғайраро баррасӣ намуданд.

Дар чаҳорчӯби кори конфронс вохӯрии кории вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ, гуфтушуниди вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ + Чин баргузор шуд.

Яке аз мавзӯъҳои муҳим барои Тоҷикистон, ки дар доираи конфронс баррасӣ шуд, масъалаи марбут ба таҳвили таҷҳизоту бор аз Чин ба Тоҷикистон тариқи роҳи мошингарди “Душанбе – Қулма – сарҳад бо Чин” буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.