ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод

Прокуратураи шаҳри Кӯлоб навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардидаро оид ба ҳодисаи зане, ки аз ошёнаи 5-уми бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб ба поён афтод, мавриди санҷиш қарор дод. Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 24 май тақрибан соати 11:15 дақиқа рух додааст. Ба иттилои ВКД, Ҳикоятмо Раҷабалии 25-сола, ки муваққатан дар шаҳри […]

Прокуратураи шаҳри Кӯлоб навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардидаро оид ба ҳодисаи зане, ки аз ошёнаи 5-уми бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб ба поён афтод, мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 24 май тақрибан соати 11:15 дақиқа рух додааст.

Ба иттилои ВКД, Ҳикоятмо Раҷабалии 25-сола, ки муваққатан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекардааст, ба хонаи маъшуқаш, марди 38-сола тавассути таҳдид ҷиҳати моил намудан ба таъмини молиявии худ рафта, номбурдаро пайдо накардааст.

“Сипас, бо мақсади тарсонидани маъшуқаш ба лаби тирезаи роҳрави ошёнаи 5-ум баромада, пойҳояшро ба қисмати кӯча кашол карда, ба номбурда занг зада, талаб намудааст, ки ба хонааш баргашта, бо ӯ вохӯрад, – зикр мешавад дар хабар. – Ҳангоми гуфтугӯ ӯ ногаҳон лағжида, ба болои долони ошёнаи якум афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст”.

Гуфта мешавад, зан таҳти назорати табибон қарор дошта, вазъи саломатии ӯ аз тарафи мутахассисон вазнин эътироф карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки санҷиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.