Дастаи Умарбоев ба Лигаи конфронс роҳ ёфта, Ханонов боз қаҳрамони Эрон шуд

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар даври охири Чемпионати Булғористон тими “ЦСКА 1948”, ки дар он футболбози тоҷик Парвиз Умарбоев ҳунарнамоӣ мекунад, барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Лигаи конфронс (УЭФА) бо дастаи “ЦСКА”-и София рақобат кард.

Ҳарчанд худи Умарбоев дар ин вохӯрӣ бар асари зиёд доштани корти зард иштирок накарда бошад ҳам, дастааш бо ҳисоби 2:0 дастболо шуда, ба мусобиқаи Лигаи конфронс, ки аз лиҳози аҳаммият сеюмин мусобиқаи байни дастаҳои Аврупо ба шумор меравад, роҳхат гирифт.

Дар ин мавсим Парвиз Умарбоев ҳамагӣ дар чемпионат 25 бозӣ кардааст, 2-то – дар Ҷоми Булғористон ва 1 бозӣ – дар даври интихобии Лигаи конфронси УЭФА. Як партоб (пас)-и головар дорад.

Моҳи июли соли 2022 Умарбоев ба сифати агенти озод аз “Локомотив”-и Пловдив (Булғористон), ки аз соли 2016 дар ҳайати он бозӣ мекард, ба “ЦСКА”-и София ҳамин кишвар гузашт.

Ёдрас мекунем, ки Парвиз Умарбоев дар ҳайати дастаҳои “Нефтехимик”-и Нижнекамск, “Химик”-и Дзержинск ((2013/14)-и Русия ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кардааст. Дар ин давра футболбоз 84 бозӣ гузаронида, 7 гол задааст. Соли 2016 ӯ ба “Локомотив”-и Булғористон гузашт. Тибқи маълумоти Transfermarkt, ин гузашт 100 ҳазор евро нарх дошт.

Дар ҳайати дастаи “Локомотив” ӯ дар беш аз 170 вохӯрӣ бозӣ карда, 10 гол задааст. Ин тим ӯро легионери дарозумри тимаш эътироф кард. Бо ин тим Умарбоев ду бор соҳиби Ҷоми Булғористон, соҳиби Суперҷом ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионат шуд.

Бозингари дигари тоҷик – ҳимоятгари тими “Персеполис”-и Эрон Ваҳдат Ханонов бори дуюм пайдарпай қаҳрамони Эрон шуд. “Персеполис” бо касби 68 имтиёз зинаи аввали ҷадвалро ишғол намуд.

Дар ин мавсим Ханонов дар ҳайати “Персеполис” ҳамагӣ 16 бозӣ гузаронид. Соли гузашта 10 маротиба ба бозӣ баромада буд.

Расонаҳои Эрон хабар медиҳанд, ки Ханонов аз шароиташ дар даста норозӣ буда, шояд дигар қарордодро бо даста дароз намекунад. Ваҳдат хеле кам бозӣ мекунад ва ният дорад, ки аз ин даста равад ва ба собиқ тими худ “Истиқлол”-и Душанбе баргардад.

Ваҳдат Ханонов аввали соли 2021 ба дастаи “Персеполис” гузашт. Он замон мурабби Яҳё Гулмуҳаммадӣ баъди ҳунарнамоии хуб дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2020 ба ду футболбози тоҷик – Ваҳдат Ханонов ва Манучеҳр Сафаров таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...