Дастаи Умарбоев ба Лигаи конфронс роҳ ёфта, Ханонов боз қаҳрамони Эрон шуд

Дар даври охири Чемпионати Булғористон тими “ЦСКА 1948”, ки дар он футболбози тоҷик Парвиз Умарбоев ҳунарнамоӣ мекунад, барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Лигаи конфронс (УЭФА) бо дастаи “ЦСКА”-и София рақобат кард. Ҳарчанд худи Умарбоев дар ин вохӯрӣ бар асари зиёд доштани корти зард иштирок накарда бошад ҳам, дастааш бо ҳисоби 2:0 дастболо шуда, ба мусобиқаи […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар даври охири Чемпионати Булғористон тими “ЦСКА 1948”, ки дар он футболбози тоҷик Парвиз Умарбоев ҳунарнамоӣ мекунад, барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Лигаи конфронс (УЭФА) бо дастаи “ЦСКА”-и София рақобат кард.

Ҳарчанд худи Умарбоев дар ин вохӯрӣ бар асари зиёд доштани корти зард иштирок накарда бошад ҳам, дастааш бо ҳисоби 2:0 дастболо шуда, ба мусобиқаи Лигаи конфронс, ки аз лиҳози аҳаммият сеюмин мусобиқаи байни дастаҳои Аврупо ба шумор меравад, роҳхат гирифт.

Дар ин мавсим Парвиз Умарбоев ҳамагӣ дар чемпионат 25 бозӣ кардааст, 2-то – дар Ҷоми Булғористон ва 1 бозӣ – дар даври интихобии Лигаи конфронси УЭФА. Як партоб (пас)-и головар дорад.

Моҳи июли соли 2022 Умарбоев ба сифати агенти озод аз “Локомотив”-и Пловдив (Булғористон), ки аз соли 2016 дар ҳайати он бозӣ мекард, ба “ЦСКА”-и София ҳамин кишвар гузашт.

Ёдрас мекунем, ки Парвиз Умарбоев дар ҳайати дастаҳои “Нефтехимик”-и Нижнекамск, “Химик”-и Дзержинск ((2013/14)-и Русия ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кардааст. Дар ин давра футболбоз 84 бозӣ гузаронида, 7 гол задааст. Соли 2016 ӯ ба “Локомотив”-и Булғористон гузашт. Тибқи маълумоти Transfermarkt, ин гузашт 100 ҳазор евро нарх дошт.

Дар ҳайати дастаи “Локомотив” ӯ дар беш аз 170 вохӯрӣ бозӣ карда, 10 гол задааст. Ин тим ӯро легионери дарозумри тимаш эътироф кард. Бо ин тим Умарбоев ду бор соҳиби Ҷоми Булғористон, соҳиби Суперҷом ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионат шуд.

Бозингари дигари тоҷик – ҳимоятгари тими “Персеполис”-и Эрон Ваҳдат Ханонов бори дуюм пайдарпай қаҳрамони Эрон шуд. “Персеполис” бо касби 68 имтиёз зинаи аввали ҷадвалро ишғол намуд.

Дар ин мавсим Ханонов дар ҳайати “Персеполис” ҳамагӣ 16 бозӣ гузаронид. Соли гузашта 10 маротиба ба бозӣ баромада буд.

Расонаҳои Эрон хабар медиҳанд, ки Ханонов аз шароиташ дар даста норозӣ буда, шояд дигар қарордодро бо даста дароз намекунад. Ваҳдат хеле кам бозӣ мекунад ва ният дорад, ки аз ин даста равад ва ба собиқ тими худ “Истиқлол”-и Душанбе баргардад.

Ваҳдат Ханонов аввали соли 2021 ба дастаи “Персеполис” гузашт. Он замон мурабби Яҳё Гулмуҳаммадӣ баъди ҳунарнамоии хуб дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2020 ба ду футболбози тоҷик – Ваҳдат Ханонов ва Манучеҳр Сафаров таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.