Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СААД дар Алмато иштирок мекунад

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Алматои Қазоқистон рафт. Дар ин ҷо ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз баргузор мешавад,  иштирок мекунад. Тавре ки дар сомонаи СААД  хабар дода мешавад, дар ҷаласа тадбирҳо оид ба муоқимат бо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Алматои Қазоқистон рафт. Дар ин ҷо ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз баргузор мешавад,  иштирок мекунад.

Тавре ки дар сомонаи СААД  хабар дода мешавад, дар ҷаласа тадбирҳо оид ба муоқимат бо таҳдиду чолишҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, инчунин тағйирот дар барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД дар мавриди наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви Созмон барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

То оғози ҷаласа аъзои Шӯрои парлумониии СААД дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди «Оташи ҷовидон» -и маҷмааи ёдгории Шараф иштирок карда, сипас бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев вохӯрданд.

Зимни вохӯрӣ президенти Қазоқистон зикр кард, ки санадҳои моделӣ (қолабӣ) таркиби муҳимтарин дар тақвияти фъаолияти Созмон мебошанд.

Ба ҷуз Рустами Эмомалӣ, раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Игор Сергеенко, Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, Жогорку Кенеши Қирғизистон Нурланбек Шакиев дар Алмато ҳузур доранд.

Дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дидору гуфтушунид кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳоро баррасӣ карданд.

Тавре ки Telegram-канали Думаи давлатии Русия хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот амалисозии қрарҳои сарони кишварҳо дар сатҳи қонунгузорӣ баррасӣ шуд. Дар бораи кадом қарорҳо мушаххасан сухан меравад, хабар дода намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.