Даҳҳо миллион сомонӣ: аз офатҳои табиии моҳи май Тоҷикистон чӣ қадар осеб дид?

Тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25 майи соли 2024 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рух доданд, 25 манзил осеб дида, 15 хонна пурра вайрон шуданд. Тавре ки КҲФ хабар медиҳад, ғайр аз ин, аз офатҳои табиӣ бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 км роҳҳои мошингард, […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25 майи соли 2024 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рух доданд, 25 манзил осеб дида, 15 хонна пурра вайрон шуданд.

Тавре ки КҲФ хабар медиҳад, ғайр аз ин, аз офатҳои табиӣ бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 км роҳҳои мошингард, 27 пул, 15,2 км хатҳои интиқоли барқ, 0,8 км хатҳои алоқа, 87,7 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 92,6 км хатҳои обрасонӣ ва наҳрҳо (каналҳо), 14,7 км селпартоҳо, 2 км шабакаҳои обрасон ва обу корез, 10 пойгоҳи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ ва 1076 га заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.

Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 137 сар чорвои шохдори калон, 501 сар чорвои майда, 62 паранда, 160 оилаи занбӯрҳо нобуд шуда, ба 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар расид.

“Аз 3 то 26 май дар қаламрави ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, тибқи санадҳои аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшуда, ҳаҷми зарар зиёда аз 44 млн сомониро ташкил медиҳад”, – омадааст дар иттилоияи Кумита.

Бо мақсади роҳандозии корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии осебдида 157 ҳазору 70 литр сӯзишвории дизелӣ (солярка), 290 тонна семент, 10100 метри мураббаъ тӯри габионовӣ, 7 тонна арматура, 6700 метр сим ва 10 тонна сими оҳании d-3,5 мм фиристода шуд.

Ба хотири таъмини амнияти аҳолӣ, дар рӯзҳои эҳтимол доштани омадани селҳо 5550 нафар аз минтақаҳои хавфнок муваққатан ба макони амн кӯчонида шуданд.

Бо супориши президент аз ҷониби Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат ба аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ кумак карда шуд.

Дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд Кумита ба 1174 оилаҳои осебдида аз ҷумла бо сӯзишвории дизелӣ, орд, равған, нахӯд, лавозимоти гигиенӣ, ҳабҳо барои безараргардонии оби нӯшокӣ кумак кард.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки боз ба 1500 оила ба сифати кумак орду равған, нахӯд, лавозимоти гигиенӣ ва ҳабҳо барои безараргардонии оби нӯшокӣ дода шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.