Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд

Дар роҳи мошингарди “Душанбе-Чанок” аз 1 июн то 31 август аз соати 10:00 то 19:00 барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар ин бора филиали ширкати IRS хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди “Душанбе-Чанок” аз 1 июн то 31 август аз соати 10:00 то 19:00 барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар ин бора филиали ширкати IRS хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин тадбир бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дошта, зарурати таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба миён  омад, роҳандозӣ мешавад.

“Икдоми мазкур баҳри эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешавад”, – зикр мегардад дар хабари ширкат.

Зимнан зикр мегардад, ки соли ҷорӣ барои таъмири роҳи мазкур зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт истифода хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.