Ба Аҳмадинажод-не, ба Қолибоф-ҳа. Танҳо 6 номзад ба интихоботи президентии Эрон роҳ ёфтанд

Asia-Plus

Аз миёни 80 довталаб барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Эрон Шӯрои нигаҳбони ин кишвар танҳо салоҳияти номзадии шаш нафарро таъйид кард.

Муҳсин Исломӣ, сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон рӯзи 9-уми июн гуфт, салоҳияти номзадии Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Саид Ҷалилӣ, Алиризо Зоконӣ, Масъуд Пизишкиён ва Амирҳусейн Қозизода пазируфта шудааст. Ҳамакнун ин шаш кандидат барои соҳиб шудани курсии раисиҷумҳурӣ мубориза мебаранд.

Аз миёни шаш нафар кандидат ба ҷуз Мустафо Пурмуҳаммадӣ ва Масъуд Пизишкиён чор нафари дигар собиқаи иштирок дар интихоботи раёсатҷумҳуриро доранд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури собиқи Эрон, Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини маҷлиси Эрон, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, ислоҳталаб ва муовини собиқи раисиҷумҳури Эрон ва Меҳрдод Базрпаш, вазири роҳ ва шаҳрсозӣ аз матраҳтариг номзадҳое буданд, ки аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии Исломӣ ради салоҳият шуданд.

Пас аз эълон шудани номзадҳо аз сӯйи Шӯрои нигаҳбон таблиғоти интихоботӣ низ оғоз гардидааст. Интихоботи раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июн доир мегардад. Агар зарурат ба миён ояд, даври дуввуми интихобот 5-уми июл барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки сабтиноми номзадҳо барои ширкат дар интихоботи зудҳангом дар Эрон рӯзи 30-юми май оғоз гардида, то рӯзи 3-юми июн давом карда буд. Дар  маҷмуъ, 80 нафар довталаб барои соҳиб шудани курсии раисҷумҳури ин кишвар сабтином шуда буданд, ки дар миёни онҳо 4 зан низ дида мешуд.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...