Оғози кори Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе

Имрӯз, 10 июн дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кор оғоз мекунад Ин конфронсҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ду сол як бор гузаронида шуда, имсол он дар маҷмааи “Кохи Сомон” баргузор мешавад. Дар кори конфронс намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Ҷопон, […]

Имрӯз, 10 июн дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кор оғоз мекунад

Ин конфронсҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ду сол як бор гузаронида шуда, имсол он дар маҷмааи “Кохи Сомон” баргузор мешавад.

Дар кори конфронс намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Гертсоговина, Молдова, Непал, Руминия, инчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд.

Дар ин чорабюинӣ ҳамчунин намояндагони воломақоми кишварҳои узви СММ, воҳидҳои СММ, созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор гирдиҳам меоянд.

Қобили зикр аст, ки қаблан солҳои 2018 ва 2022 дар Душанбе ду конфронс оид ба даҳсолаи амал оид ба об баргузор шуда буданд.

Кори Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе то 13 июн давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.