Дар Тоҷикистон 200 ҳазор кӯдак ба “лагер”-и тобистона мераванд

Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор кӯдаку наврас дар таътили тобистонаи имсола ба истироҳатгоҳ ё “лагер”-ҳои тобистона мераванд, ки ин нисбат ба соли гузашта 56 ҳазору 747 нафар камтар мебошад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.  Манбаъ гуфт, соли ҷорӣ барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон 4,5 млн […]

Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор кӯдаку наврас дар таътили тобистонаи имсола ба истироҳатгоҳ ё “лагер”-ҳои тобистона мераванд, ки ин нисбат ба соли гузашта 56 ҳазору 747 нафар камтар мебошад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд. 

Манбаъ гуфт, соли ҷорӣ барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон 4,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои истироҳати кӯдакон соли гузашта 3,8 млн сомонӣ ва соли 2022-юм 3,6 млн сомонӣ ҷудо шуда буд.

“Маблағҳои мазкур дар мадди аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони фаъолу боистеъдод пешбинӣ карда шудаанд”,-гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм.

Дар вилояти Суғд 30 ҳазору 450 хонанда ва дар вилояти Хатлон 191 ҳазору 290 хонанда ба истироҳатгоҳҳои тобистона мераванд. Инчунин, аз шаҳри Душанбе 3792  хонанда ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ мераванд.

Дар маҷмуъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 20 адади он дар тобеияти шуъбаҳои маориф ва 5 адад дар тобеияти Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм мебошанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2023 дар 3318 истироҳатгоҳ 256 ҳазору 747 кӯдаку наврас ба истироҳат ҷалб шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.