Ҷаримаи волидайни хатмкунандагон барои таҷлили “занги охир” дар Душанбе

Як гурӯҳ хатмкунандагонро дар Душанбе барои таҷлили “занги охир” танбеҳ дода, падару модарони онҳоро аз 216 то 504 сомонӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора аз милитсияи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, як гурӯҳ хатмкунандагони мактаби №89-и ноҳияи Сино баъи тамом шудани дарсҳо дар охири моҳи май дар тарабхонаи “Самандар”-и пойтахт шабнишинӣ барпо […]

Як гурӯҳ хатмкунандагонро дар Душанбе барои таҷлили “занги охир” танбеҳ дода, падару модарони онҳоро аз 216 то 504 сомонӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора аз милитсияи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, як гурӯҳ хатмкунандагони мактаби №89-и ноҳияи Сино баъи тамом шудани дарсҳо дар охири моҳи май дар тарабхонаи “Самандар”-и пойтахт шабнишинӣ барпо карда, “занги охир”-ро таҷлил кардаанд.

“Азбаски таҷлили “занги охир” манъ аст, қоидавайронкунии онҳо ошкор ва барои танбеҳашон дар мактаби мазкур суди сайёр баргузор карда шуда, ин масъала баррасӣ гардид”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ғайр аз ин, бар зидди волидони хонандагон мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои “иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон” парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Бар асоси ин модда волидони хонандагон аз 3 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 504 сомонӣ) ҷарима шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2015 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муддати таҷлили “Занги охир”-ро 45 дақиқа – аз соати 8:00 то 8:45 муқаррар намуд.

Он замон баргузор кардани ҳама гуна маъракаҳои ботантана, аз ҷумла баргузории чорабинӣ дар тарабхонаҳо, ҷамъоварии маблағ барои туҳфа ба муаллимон ва сайру гашти оммавиро манъ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.