Боздошти 2 зани қаллоб аз Ӯзбекистон дар Варзоб

Дар ноҳияи Варзоб мақомоти милитсия ду зани шаҳрванди Ӯзбекистонро ба гумони қаллобӣ бо роҳи макру фиреб ва сеҳру ҷоду боздошт намуданд. Дар гузориши видеоии нашршудаи ВКД Тоҷикистон дар ин робита зикр мешавад, ки Зулола Сайфуллоеваи 30-сола ва Юлдуз Бердиеваи 32-сола аз рӯи шикояти се нафар занон – сокинони ноҳияи Варзоб боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, ин […]

Дар ноҳияи Варзоб мақомоти милитсия ду зани шаҳрванди Ӯзбекистонро ба гумони қаллобӣ бо роҳи макру фиреб ва сеҳру ҷоду боздошт намуданд.

Дар гузориши видеоии нашршудаи ВКД Тоҷикистон дар ин робита зикр мешавад, ки Зулола Сайфуллоеваи 30-сола ва Юлдуз Бердиеваи 32-сола аз рӯи шикояти се нафар занон – сокинони ноҳияи Варзоб боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ин занон сокинони ноҳияи мазкурро фиреб дода, пулу ашёи гаронбаҳои онҳоро азхуд мекардаанд.

Мувофиқи гузориши видеоӣ, ин ду нафар зан бори нахуст соли 2023 ба ноҳияи Варзоб омада, зани 57-солаи сокини маҳаллиро фиреб додаанд.

Зани ҷабрдида мегӯяд, занҳо ба ӯ гуфтаанд, ки “хона бӯи хун мекунад” ва агар ӯ ба онҳо пул надиҳад, “писараш дар давоми ҳафта вафот мекунад”.

“Онҳо гуфтанд, ки писарамро мекушанд ё ӯ худро меовезад. Гуфтанд, ки инро пешгирӣ мекунанд. Ман намедонистам, ки чӣ кор кунам. Аз ман 23 ҳазор сомонӣ, телефони худам ва ҳамсарам ва гӯшвораҳову ҳалқаамро гирифтанд”, – изҳор мекунад зан.

Баъди ин онҳо ба ватанашон (Ӯзбекистон) рафта, лекин пас аз чанд рӯз баргаштанд ва боз ду зани дигарро фиреб доданд.

Қобили зикр аст, ки боздошти ин ду зан аз кишвари ҳамсоя замоне сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон амалиёти зидди шахсони машғул ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ҷараён дорад ва тайи моҳи ахир мақомоти милитсия зиёда аз 50 нафарро ба гумони даст доштан дар ин амалҳо боздошт кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.