Додгоҳи Хатлон баъди эътирози додситонӣ муҳофизи Хӯҷа-Командирро 15 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи вилояти Хатлон Юсуф Солеҳов (Ҷӯрабек), муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа-Командирро барои куштори беш аз 20 узви як оила 15 сол равонаи зиндон кард. Қаблан, додгоҳ ӯро ба 8 соли (дар баъзе манбаъҳо 12 сол-аз идора) зиндон маҳкум кард, вале баъди эътирози Додситонии вилояти Хатлон Додгоҳи олӣ ҳукмро бекор ва барои бозбинӣ ирсол карда буд. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додгоҳи вилояти Хатлон Юсуф Солеҳов (Ҷӯрабек), муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа-Командирро барои куштори беш аз 20 узви як оила 15 сол равонаи зиндон кард. Қаблан, додгоҳ ӯро ба 8 соли (дар баъзе манбаъҳо 12 сол-аз идора) зиндон маҳкум кард, вале баъди эътирози Додситонии вилояти Хатлон Додгоҳи олӣ ҳукмро бекор ва барои бозбинӣ ирсол карда буд.

Қаблан, наздикони оилаи кушташуда низ ҳукми додгоҳро нисбати Юсуф Солеҳов “сабук” дониста, бозбинии онро талаб карда буданд.

Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки додситонии вилоят ҳукми додгоҳи вилоятро нисбати Юсуф Солеҳов, ки моҳи январи соли 2024-ум 8 сол аз озоди маҳрум карда буд, сабук дониста, эътироз оварда буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа Додгоҳи олии кишвар эътирози додистонии вилоятро қонеъ карда, ҳукми додгоҳи вилоятро нисбати Юсуф Солеҳов бекор кард ва парвандаро барои баррасии иловагӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристод.

“Суди вилояти Хатлон парвандаро аз нав баррасӣ карда, рӯзи 25 майи соли равон Юсуф Солиҳовро бо моддаҳои 104, 156 (таҳрири соли 1961) ва 255 (таҳрири соли 1998) –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба муҳлати 15 сол дар колонияи низомаш пурзур аз озоди маҳрум кард”, – гуфт Варқа Зайниддин.

Ба иттилои номбурда, Юсуф Солиҳов “14-уми октябри соли 1992 бо як гурӯҳи силоҳбадаст бо мақсади тасаруфу ғорат ба деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон ба хонаи Абдуллоевҳо рафта, бо бераҳмии махсусс 23 узви ин оиларо, ки дар байнашон занон, аз ҷумла зани ҳомила ва ноболиғон буданд, ба қатл расонида, баъдан ба хотири пинҳон кардани ҷинояташон ҷасадҳо ва хонаро оташ задаанд”.

Баъдан, Юсуф Солиҳов ва ҳаммаслаконаш аз қаламрави Тоҷикистон берун рафтаанд. Бо дархости Додситонии куллли Тоҷикистон моҳи июни соли 2023 Солиҳов дар қаламрави Русия дастгир ва ба Тоҷикистон супурда шуд.

Назари худи Юсуф Солеҳов, вакили дифоъ ва наздиконаш ба ҳукми додгоҳ маълум нест. 

Қаблан, Радиои Озодӣ аз қавли яке аз ширкаткунандагони мурофиаи пешина навишта буд, ки "ҳамроҳи шахсони мусаллаҳ дар манзили зисти кушташудаҳо буд, вале тир назад ва касеро накушт".

Бояд гуфт, ки иштирокчии дигари ин ҷиноят Ёров Ориф Маҳмадсаидович соли 13-уми апрели соли 2022 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол дар колонаи ислоҳии низомаш пурзур равонаи зидон кард

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.