Ба Аҳмадинажод-не, ба Қолибоф-ҳа. Танҳо 6 номзад ба интихоботи президентии Эрон роҳ ёфтанд

Аз миёни 80 довталаб барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Эрон Шӯрои нигаҳбони ин кишвар танҳо салоҳияти номзадии шаш нафарро таъйид кард. Муҳсин Исломӣ, сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон рӯзи 9-уми июн гуфт, салоҳияти номзадии Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Саид Ҷалилӣ, Алиризо Зоконӣ, Масъуд Пизишкиён ва Амирҳусейн Қозизода пазируфта шудааст. Ҳамакнун ин шаш кандидат барои […]

Аз миёни 80 довталаб барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Эрон Шӯрои нигаҳбони ин кишвар танҳо салоҳияти номзадии шаш нафарро таъйид кард.

Муҳсин Исломӣ, сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон рӯзи 9-уми июн гуфт, салоҳияти номзадии Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Саид Ҷалилӣ, Алиризо Зоконӣ, Масъуд Пизишкиён ва Амирҳусейн Қозизода пазируфта шудааст. Ҳамакнун ин шаш кандидат барои соҳиб шудани курсии раисиҷумҳурӣ мубориза мебаранд.

Аз миёни шаш нафар кандидат ба ҷуз Мустафо Пурмуҳаммадӣ ва Масъуд Пизишкиён чор нафари дигар собиқаи иштирок дар интихоботи раёсатҷумҳуриро доранд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури собиқи Эрон, Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини маҷлиси Эрон, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, ислоҳталаб ва муовини собиқи раисиҷумҳури Эрон ва Меҳрдод Базрпаш, вазири роҳ ва шаҳрсозӣ аз матраҳтариг номзадҳое буданд, ки аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии Исломӣ ради салоҳият шуданд.

Пас аз эълон шудани номзадҳо аз сӯйи Шӯрои нигаҳбон таблиғоти интихоботӣ низ оғоз гардидааст. Интихоботи раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июн доир мегардад. Агар зарурат ба миён ояд, даври дуввуми интихобот 5-уми июл барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки сабтиноми номзадҳо барои ширкат дар интихоботи зудҳангом дар Эрон рӯзи 30-юми май оғоз гардида, то рӯзи 3-юми июн давом карда буд. Дар  маҷмуъ, 80 нафар довталаб барои соҳиб шудани курсии раисҷумҳури ин кишвар сабтином шуда буданд, ки дар миёни онҳо 4 зан низ дида мешуд.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.