Боздошти беш аз 300 ҳазор нафар барои ҳаҷҷи бидуни иҷоза

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафарро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷ сабти ном нашуда буданд, боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Sharqpress.com”-и Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар миёни афроде, ки дар рӯзҳои ахир боздошт шудаанд, цариб 157 ҳазор хориҷӣ ҳаст, ки ба ҷои раводиди ҳаҷ бо раводиди сайёҳӣ мехостанд адои ҳаҷ кунанд.

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ал-Басомӣ, раиси Кумитаи амнияти ҳаҷ гуфтааст, 140 гурӯҳи зоирон ва 64 ташкилоти интиқолдиҳанда, ки қоидаҳо ва дастурномаҳои ҳаҷро риоя намекардаанд, боздошт кардаанд.

Ҳамчунин, қариб 98 ҳазор воситаи нақлиётии ғайриқонунӣ ва 172 ҳазор афродеро, ки дар Макка муқим нестанд, ба маҳалли истиқомати худ баргардонидаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Арабистони Саудӣ, аз рӯзи 8-уми июн беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар сабтиномшуда барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ омадаанд.

Ҳамасола мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ нафаронеро, ки ба таври қайриқонунӣ мехоҳанд ҳаҷ кунанд, боздошт менамояд.

Соли гузашта ҳам мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳамасолаи ҳаҷ бидуни иҷоза ба ҳабс гирифта буданд.

Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ соли ҷорӣ муҷозот барои ширкати ғайриқонунӣ дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Аз ҷумла, барои ин кор ҳукми зиндон низ пешбинӣ гардидааст. Оё шумо қонунан ба ҳаҷ рафтаед? Чӣ тавр инро метавон мушаххас кард? Дар ин мавод хонед.

Ҳамчунин, дар инфографикаи мо метавон дид, ки чӣ қадар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 5 соли ахир ба адои маросими ҳаҷ рафтаанд ва барои ин чӣ қадар маблағ сарф кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...