Боздошти беш аз 300 ҳазор нафар барои ҳаҷҷи бидуни иҷоза

Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафарро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷ сабти ном нашуда буданд, боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Sharqpress.com”-и Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар миёни афроде, ки дар рӯзҳои ахир боздошт шудаанд, цариб 157 ҳазор хориҷӣ ҳаст, ки ба ҷои раводиди ҳаҷ бо раводиди сайёҳӣ мехостанд адои […]

Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафарро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷ сабти ном нашуда буданд, боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Sharqpress.com”-и Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар миёни афроде, ки дар рӯзҳои ахир боздошт шудаанд, цариб 157 ҳазор хориҷӣ ҳаст, ки ба ҷои раводиди ҳаҷ бо раводиди сайёҳӣ мехостанд адои ҳаҷ кунанд.

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ал-Басомӣ, раиси Кумитаи амнияти ҳаҷ гуфтааст, 140 гурӯҳи зоирон ва 64 ташкилоти интиқолдиҳанда, ки қоидаҳо ва дастурномаҳои ҳаҷро риоя намекардаанд, боздошт кардаанд.

Ҳамчунин, қариб 98 ҳазор воситаи нақлиётии ғайриқонунӣ ва 172 ҳазор афродеро, ки дар Макка муқим нестанд, ба маҳалли истиқомати худ баргардонидаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Арабистони Саудӣ, аз рӯзи 8-уми июн беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар сабтиномшуда барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ омадаанд.

Ҳамасола мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ нафаронеро, ки ба таври қайриқонунӣ мехоҳанд ҳаҷ кунанд, боздошт менамояд.

Соли гузашта ҳам мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳамасолаи ҳаҷ бидуни иҷоза ба ҳабс гирифта буданд.

Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ соли ҷорӣ муҷозот барои ширкати ғайриқонунӣ дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Аз ҷумла, барои ин кор ҳукми зиндон низ пешбинӣ гардидааст. Оё шумо қонунан ба ҳаҷ рафтаед? Чӣ тавр инро метавон мушаххас кард? Дар ин мавод хонед.

Ҳамчунин, дар инфографикаи мо метавон дид, ки чӣ қадар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 5 соли ахир ба адои маросими ҳаҷ рафтаанд ва барои ин чӣ қадар маблағ сарф кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.