Барои ҳаҷи ғайриқонунӣ муҷозот шадид гардид. Чӣ гуна метавон қонунӣ ба ҳаҷ рафт?

Арабистони Саудӣ соли ҷорӣ муҷозот барои ширкати ғайриқонунӣ дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Аз ҷумла, барои ин кор ҳукми зиндон низ пешбинӣ гардидааст. Оё шумо қонунан ба ҳаҷ рафтаед? Чӣ тавр инро метавон мушаххас кард? Хабари сахттар шудани ҷазо аз куҷо пайдо шуд? Оё ин дурӯғ нест? Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ чанде пештар […]

Алина Валаматзода, Asia-Plus

Арабистони Саудӣ соли ҷорӣ муҷозот барои ширкати ғайриқонунӣ дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Аз ҷумла, барои ин кор ҳукми зиндон низ пешбинӣ гардидааст. Оё шумо қонунан ба ҳаҷ рафтаед? Чӣ тавр инро метавон мушаххас кард?

Хабари сахттар шудани ҷазо аз куҷо пайдо шуд? Оё ин дурӯғ нест?

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ чанде пештар расман чунин изҳорот пахш кард.

Ҷазо чист?

Барои шахсоне, ки иҷозаи ба зиёрати ҳаҷ рафтан надоранд, ҳукми зиндон (аз 2 то 6 моҳ) ва ҷарима (қариб 13 ҳазор доллар) пешбинӣ шудааст. Агар шумо дастгир шавед, ихроҷ мешавед ва дигар 10 сол наметавонед ба ин кишвар сафар кунед.

Чӣ гуна бояд бе қонуншиканӣ ба зиёрати ҳаҷ рафт?

Тибқи қавонини Арабистони Саудӣ, сабти номи зоирон барои ҳаҷ метавонад бо ду роҳ сурат бигирад: намояндагиҳои расмии ҳаҷ, ки аз номи давлатҳои худ амал мекунанд ва ё ширкатҳои сайёҳӣ, ки ба ҳайси шахси ҳуқуқии хусусӣ амал мекунанд.

Дар ҳар сурат, барои зиёрати ҳаҷ шумо бояд раводиди махсус дастрас кунед. Бояд донед, ки бо ин раводид шумо наметавонед ба дилхоҳ шаҳри Арабистони Саудӣ сафар кунед, ғайр аз шаҳрҳои Ҷидда, Макка ва Мадина.

Раводиди махсус – ин чӣ аст?

Ду намуди раводид барои зиёрат вуҷуд дорад – раводиди ҳаҷ ва раводиди умра. Ин ду шакли гуногуни раводид ба Арабистони Саудӣ вобаста ба ҳадафи сафари шумост.

Оё ман метавонам бо раводиди сайёҳӣ зиёрат кунам?

Не! Раводиди сайёҳӣ барои зиёрат эътибор надорад. Дар назар бояд дошт, ки ширкатҳои сайёҳӣ онро ба шумо фаъолона пешниҳод мекунанд ва ба шумо итминон медиҳанд, ки “ҳама бо ин роҳ сафар мекунанд”. Аммо ин кафолати сафари бехатар нест.

Аз суҳбат бо яке аз ширкатҳои сайёҳӣ маълум шуд, ки онҳо раводиди сайёҳӣ пешниҳод мекунанд ва итминон медиҳанд, ки бо он метавон ба зиёрати ҳаҷ рафт. Аммо барои сафари бехатар ҳеҷ кафолате намедиҳанд.

Аз ин лиҳоз, тавсия медиҳем, ки беҳтараш раводиди махсуси ҳаҷро дастрас кунед ва аз муҷозот эмин бошед.

Барои кадом ҷиноятҳои дигар метавон ҷазо гирифт?

Вайрон кардани шартҳои раводид. Ҳатто агар шумо ҳама чизро дуруст анҷом дода бошед ва бидуни қонуншиканӣ ворид шуда бошед ҳам, сари вақт тарк кардани кишварро фаромӯш накунед.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки Арабистони Саудӣ тақвими исломиро истифода мебарад. Бо диққат ва такроран санҷед, ки мӯҳлати раводиди шумо кай ба охир мерасад. Агар шумо дар Арабистони Саудӣ бештар аз мӯҳлате, ки иҷозат дода шудааст, бимонед, шумо бояд барои тарк кардани кишвар ҷарима пардохт кунед ва ҳатто хориҷ шавед.

Агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятатонро гум кардед, давоми 24 соат ба мақомоти ин кишвар хабар диҳед, вагарна шуморо ҷарима интизор аст.

Барои пешниҳоди паноҳгоҳ ба ҳоҷие, ки муҳлати будубошаш ба охир расидааст, низ муҷозот пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.